13:42 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1910

Ҳукми додгоҳи ноҳияи Лефортовои Маскав аз рӯзи гузашта ба иҷро даромад.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, ки бо ҷурми даст доштан дар қатли як мусофири метрои Маскав гумонбар дониста мешуд, барои 12 сол равонаи зиндон гардид, иттилоъ медиҳад  дафтари матбуотии додситонии пойтахти Русия.

Ҳукми додгоҳи Лефортово рӯзи 12-уми феврал ба шеваи иҷро даромад.

Ба қавли муфаттишони парванда, моҳи декабри соли 2012 Фарҳодҷон Ҷӯраев ҳамроҳ бо як дӯсташ дар метрополитени Маскав ба тарафи "Дубровка" мерафтанд.

"Миёни Ҷӯраев ва як мусофири дигари қатор ҷанги лафзӣ сурат гирифт. Аввалӣ аз кисааш кордро бароварда, ба тани мусофир 6 маротиба мезанад. Зимни интиқоли ҷабрдида ба касалхона ӯ аз олам даргузашт",- омадааст дар хабар.

Додгоҳ Фарҳодҷон Ҷӯраевро дар қатли одам муҷрим шинохта, ӯро ба муддати 12 сол равонаи зиндони низомаш шадид кард.

 

Мавзуъ

Додгоҳи Воронеж як тоҷикистониро барои қатл ва дуздӣ муҳокима мекунад
Дар Австралия ҳашт кӯдак ба қатл расид
Барчаспҳо:
ҳабс, равонаи зиндон, куштори одам, қатл, додситонии Маскав, додгоҳи ноҳияи Лефортово, Фарҳодҷон Ҷӯраев, Русия, Лефортово, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ