13:58 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Тюремная решетка

ВАО: “Шайх Темур” ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд

© Flickr / Alexander C. Kafka
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
28 0 0

Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби "Шайх Темур" бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе боздошт шудааст. Вай барои қаллобӣ ва бисёрзанӣ муттаҳам мешавад.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби "Шайх Темур", ки ду ҳафтаи ахир "авлиёӣ"-ву "пайғомбарӣ"-аш паҳн гардидааст, аз тарафи мақомот боздошт шудааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Ӯ то ин замон дар "ҳабси хонагӣ" дар шаҳри Турсунзода буд.

Боздошти "Шайх Темур" 16 феврали соли ҷорӣ бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Мақомот ин сокини 65-солаи шаҳри Турсунзодаро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ — 250 (тамаъҷуӣ), 164 (монеъ шудан ба таҳсили фарзандон) ва 170​ (бисёрзанӣ) — муттаҳам мешуморанд. Як манбаъ аз Додгоҳи ноҳияи Сино ба "Озодӣ" гуфтааст, Саидмаҳдихон Сатторов то ду моҳ, яъне то анҷоми марҳилаи аввали тафтишотӣ дар боздошт мемонад.

Аз ин пештар Додситонии шаҳри Турсунзода гуфта буд, ба таҳқиқи бахше аз иттиҳомоти "Шайх Темур" оғоз кардааст, ки аз тарафи Идораи амнияти ин шаҳр пешниҳод шудаанд.

Мақомоти амниятӣ Саидмаҳдихонро дар бисёрзанӣ, ғасби замини давлат ва нақзи қонуни танзими расму оинҳо гумонбар мендонад. Аммо ба гуфтаи атрофиён, "Шайх Темур" бо табобати мардум бо ояҳои Қуръон соҳиби обрӯ шуда, дар ниҳоят худро "Имом Маҳдӣ" эълон мекунад.

Ба гуфтаи мақомот, ӯ бо сӯистифода аз маҳбубияти худ қисме аз замини мактаби деҳаи Сангмелаи Мӯсоро ғасб карда, барои як ҳамсараш манзили зист бунёд мекунад. Дар як маврид, ба гуфтаи мақомот, ӯ бо 8 зан зиндагӣ мекардааст, аксари онҳоро дар ҷараёни "табобат" бо ризоияти падару модари онҳо ба занӣ гирифтааст. Ҳоло бархе хусуру хушдомашҳои "Шайх" мегӯянд, ки ӯ онҳоро тарсондааст, ки агар духтарашонро надиҳанд, дар ҳаққи онҳо дуои бад мекунад.

Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврал филми мустанади нимсоатӣ дар бораи Саидмаҳдихон Сатторовро нашр кард. Дар ин филм гуфта мешуд, ин рӯҳонии 65-сола 7 зан дорад ва дар соли 2012 номи худро ҳатто дар ҳуҷҷатҳои расмиаш аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст.

Муаллифони филм "Шайх Темур"-ро як "қаллоби динӣ" ба қалам дода, мегӯянд, ӯву муридонаш бо сӯиистифода аз бесаводию гумроҳии мардум тавонистаанд садҳо нафарро ба доми фиребашон андохта, барои худ аз ҳисоби ин мардуми аз дунё бехабар зиндагии пур аз нозу неъмат ва айшу ишрат дуруст кунанд.

Мавзуъ

ВАО: даъвои паёмбарии “Шайх Темур”
Барчаспҳо:
лағви қонун, худсарона, ғасб, бисёрзанӣ, тамаъҷӯӣ, ҳабс, Додгоҳи ноҳияи Сино, "Шайх Темур", ноҳияи Сино, Турсунзода, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ