04:58 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Нозирони САҲА. Акс аз бойгонӣ

Намояндаҳои САҲА-ро ба мурофиаи Саидов роҳ надоданд

© Sputnik / Алексей Куденко
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Чарлз Болланд, яке аз ин намояндаҳо ба хабаргузорӣ гуфтааст, ҳадафи онҳо танҳо назорати раванди мурофиаи додгоҳӣ буд.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Намояндаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) 17-уми феврал ба мурофиаи додгоҳии соҳибкори зиндонӣ — Зайд Саидов дар боздоштгоҳи муваққатии Душанбе роҳ наёфтаанд, менависад оҷонсии "Озодагон".

Чарлз Болланд, яке аз ин намояндаҳо ба хабаргузорӣ гуфтааст, ҳадафи онҳо танҳо назорати раванди мурофиаи додгоҳӣ буд.

"Ман дақиқан намедонам, ин тасмими кӣ буд. Танҳо ҳаминро медонам, ки вакили мудофеи Зайд Саидов бо касе суҳбат кард ва мо натавонистем он ҷо ҳузур пайдо кунем. Зоҳиран, он ҷо ҷойи кофӣ набудааст", — афзудааст Болланд.

Ин намоянда гуфтааст, онҳо минбаъд низ барои иштирок дар мурофиаи ин соҳибкори тоҷик талош хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки 16 феврал Алпомиш Акбаров, раисикунандаи мурофиа дархости Зайд Саидовро барои баргузории мурофиаҳо дар бинои Додгоҳи Олӣ бо иштироки намояндаҳои ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ рад кард.

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Саидов гуфта буд, ҳарчанд додрас мурофиаро "кушода" эълон намуд, барои ҳузури намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иҷоза надодааст. Ӯ далел оварда, ки "ҷой танг аст" ва аз ин рӯ танҳо наздикони Зайд Саидов метавонанд дар мурофиаҳо иштирок кунанд.

Мавзуъ

Иттиҳоми нав: Зайд Саидов ба буҷа $10 миллион зарар расонидааст
Дархости рӯбарӯкунии Зайд Саид бо Убайдуллоев рад шуд
Барчаспҳо:
монеа, мурофиа, иштирок, нозирон, намояндагон, СИЗО, Суди Олӣ, САҲА, Исҳоқ Табаров, Алпомиш Акбаров, Чарлз Болланд, Зайд Саидов, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ