Таъсири тағйирот дар Прокуратура ба мурофиаи Зайд Саидов

© SputnikСаҳифаи Зайд Саидов дар Facebook
Саҳифаи Зайд Саидов дар Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи тағйирот дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон мурофиаи парвандаҳои нави Зайд Саидов мавқуф шудааст.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов — соҳибкор ва раҳбари зиндонии "Тоҷикистони нав" то 3 марти соли ҷорӣ ба таъхир уфтодааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Вакилони мудофеъи Зайд Саидов дар сӯҳбат бо оҷонсӣ гуфтаанд, ин таъхир баъд аз иваз шудани айбдоркунандаҳои давлатӣ ё намояндагони додситонӣ дар парвандаҳои нави Саидов сурат мегирад.

Ба қавли манбаъ, ҳоло Темур Ғуломзода ва Исматулло Нуронов, ки дар парвандаҳои нави Зайд Саидов ба ҳайси айбдоркунандаи давлатӣ баромад мекарданд, ҷои худро ба Муродмад Салимов додаанд.

Маълум нест, ин ивазшавӣ танҳо ба айбдоркунандаҳои давлатӣ дар парвандаҳои Зайд Саидов марбут аст ё тағйироте ҳам дар ҳайати кормандони Додситонии кулл сурат гирифтааст. Зеро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар, ки 17 феврал баргузор шуд, аз кори додситонҳо интиқод карда ва хост, муовини якум, муовинони додситони кулл ва раҳбарони додситонӣ дар вилоятҳо иваз шаванд.

Лентаи хабарҳо
0