Мақомот: як сокини Ваҳдат тифли навзодашро фурӯхтааст

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкДоллар. Акс аз бойгонӣ
Доллар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои манбаъ, дар фурӯши навзод модари 21-сола аз шаҳри Ваҳдат муттаҳам мешавад. Ӯро 18 феврал боздошт кардаанд.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Мақомоти пулиси шаҳри Душанбе аз ифшои ҳолати харидуфурӯши навзод дар маҳаллаи 46-уми пойтахт хабар медиҳад, навиштааст оҷонсии "Озодагон".

Ба иттилои манбаъ, дар фурӯши навзод модари 21-сола аз шаҳри Ваҳдат муттаҳам мешавад. Ӯро 18 феврал боздошт кардаанд.

"Муайян шудааст, ки дастгиршуда дар назди маркази савдои "Содот", воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт тифли навзодашро ба шаҳрванд Н.Г., соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 500 доллари амрикоӣ фурӯхтааст", — мегӯяд сарчашмаи хабар.

Мақомоти пулис мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0