20:26 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Ибодат

Боздошти “Мулло Шералӣ”, ки беморонро бо ҳашарот табобат мекардааст

© Flickr/ mrehan
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
75 0 0

Дар гузориш гуфта шуд, беш аз 30 нафар ба доми фиреби Шералӣ Пардаев афтидаанд.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ваҳдат аз боздошти Шералӣ Пардаев, маъруф ба "Мулло Шералӣ" хабар доданд, менависад оҷонсии "Озодагон".

Шоми 25 феврал Вазорати умури дохилӣ бо пахши гузорише, ки тавассути Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, Мулло Шералиро дар мардуфиребӣ ва гумроҳ сохтани сокинони муттаҳам донист.

Ин сокини 37-солаи шаҳри Ваҳдат гӯиё бо баҳонаи табобати бемориҳои безурётӣ, лакнати забон, бемории қанд, чашм ва монанди инҳо ба боварии мардум даромада, аз онҳо маблағ меситонидааст, менависад оҷонсӣ. Дар гузориш гуфта шуд, беш аз 30 нафар ба доми фиреби Шералӣ Пардаев афтидаанд.

"Ӯ асосан беморонро бо кирму қурбоқа табобат мекардааст", — бо такя ба телевизион, менависад оҷонсӣ.

Манбаъ мегӯяд, Шералӣ Пардаев дар гузашта ҳам доғи судӣ доштааст ва ҳамакнун вай дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз боздошт ва ба ҳабс гирифтани Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби "Шайх Темур" хабар дода буданд. "Шайх Темур" 16 феврали соли ҷорӣ бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шуд. Мақомот ин сокини 65-солаи шаҳри Турсунзодаро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ — 250 (тамаъҷуӣ), 164 (монеъ шудан ба таҳсили фарзандон) ва 170​ (бисёрзанӣ) — муттаҳам мешуморанд. Бар асоси ин қарори додгоҳ, Саидмаҳдихон Сатторов то ду моҳ, яъне то анҷоми марҳилаи аввали тафтишотӣ дар боздошт мемонад.

Мақомот ҳамчунин мегӯянд, "Шайх Темур" миёни мардум "авлиё" ва "Маҳдии" охирзамон эълон доштааст. Аммо Сатторов дар суҳбат бо расонаҳо, ин даъвоҳоро рад карда, гуфт, ихлос ва муҳаббати мардум ба вай табиӣ будааст.

Барчаспҳо:
бемории қанд, лакнати забон, безурётӣ, ҳабс, доғи судӣ, мардумфиребӣ, ҳашарот, табобат, боздошт, "Шайх Темур", Шералӣ Пардаев, Ваҳдат

Мавзӯъҳои асосӣ