Як шаҳрванди Тоҷикистон дар робита ба куштори Қувватов ҳабс шуд

Обуна шудан
Полиси Туркия шахсеро бо номи Сулаймон Қаюмов дар робита ба қатли роҳбари "Гурӯҳи 24" ва мухолифи ҳукумати Тоҷикистон Умаралӣ Қувватови 47-сола боздошт кардааст.

ДУШАНБЕ, 6 март — Sputnik. Расонаҳои ахбори оми Туркия ба нақл аз манобеи худ дар полиси ин кишвар мегӯянд, Умаралӣ Қувватов, роҳбари "Гурӯҳи 24" пеш аз онки бо зарби тир бар сараш кушта шавад, дар як меҳмонӣ аз хӯрок заҳролуд гаштааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Ҳамчунин се узви оилаи ӯ низ заҳролуд шуда, куштор дар пеши чашми онҳо ҳангоми баромадан аз манзил бо мақсади рафтан ба бемористон ба вуқӯъ пайвастааст.

Полис дар ин робита як шаҳрванди Тоҷикистонро бо номи Сулаймон Қаюмов, ки се моҳ пеш ба Туркия муҳоҷир шуда, ба сафи тарафдорони "Гурӯҳи 24" пайвастааст ва шаби 5-уми март барои Қувватов ва аҳли оилааш зиёфат оростааст, ба ҳабс гирифт. Рӯзномаи "Ҳуррият"-и Туркия менависад, Қувватов бо аҳли оилааш меҳмони ҳамдиёри худ Сулаймон Қаюмов шуд ва аз ғизо заҳролуд гашта, ба кӯча баромадан замон ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

Наздикони Қувватов ба полис гуфтаанд, мумкин аст, Сулаймон Қаюмов дар ин куштор даст дорад, зеро ҳангоми меҳмонӣ рафтори шубҳабарангез дошт ва пасиҳам бо телефон сӯҳбат мекард. Вақте ки баъд аз хӯрдани ғизо вазъи ду писар ва ҳамсари Қувватов бад шудааст, онҳо хостаанд, ба бемористон раванд. Дар кӯча шахсе аз пушти сар ба Қувватов наздик шудаву аз фосилаи наздик бо чанд сухани тоҷикӣ ба сари ӯ тир задааст. Ҳангоми ин ҳамла Сулаймон нопадид гашта, дертар аз тарафи полис боздошт шудааст.

Бино бар хабари яке аз шабакаҳои телевизионии Туркия, Қувватов дар соати даҳуними шаби 5-уми март дар кӯчаи Симсори ноҳияи "Мулло Гуронӣ"-и минтақаи Фотеҳи Истамбул ҳадафи тир қарор ёфтааст.

Дар гузориши яке аз шабакаҳои телевизионии Туркия маҳалли сӯиқасд ва ҷасаде дида мешавад. Бино бар хабари он, ҳамсари Умаралӣ Қувватов Қумринисо Ҳафизова ва фарзандонаш аз ҳодиса ба ваҳшат афтодаанд. Сипас, ҷасад ва аҳли оилаи Қувватов дар мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Яке аз шарикони Қувватов — Шарофиддин Гадоев дар сӯҳбат бо радио гуфтааст, ки афроди номаълум ба сари Умаралӣ Қувватов тир андохтаанд ва ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Умаралӣ Қувватов, ки дар гузашта яке аз шарикони тиҷоратии атрофиёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, баъди сар задани ихтилоф дар муомилаҳои тиҷоратӣ бо шариконаш, чор соли пеш Тоҷикистонро тарк кард ва созмонеро бо номи "Гурӯҳи 24" таъсис дод. Ӯ бо танқиди зиёд дар расонаҳои хабарӣ ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро асабонӣ кард ва бо дархости ҳукумат дар охирҳои моҳи декабри соли 2012 дар Дубай боздошт шуд, вале баъдан ӯро раҳо карданд.

Лентаи хабарҳо
0