05:39 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Завлона. Акс аз бойгонӣ

“Одамкушӣ” – иттиҳоми нав алайҳи раҳбари бозори “Назари нек”

© Sputnik /
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Рустамҷон Ҷӯраев, Бобурҷон Юсуфов ва Аҳлиддин Файзиев дар латту кӯби ду ноболиғ, ки сабаби марги яке аз онҳо шуд, муттаҳам мешаванд.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар парвандаи ҷиноии раҳбар ва муҳофизони бозори "Назари нек"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду моддаи дигар зам шудааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Рустамҷон Ҷӯраев, Бобурҷон Юсуфов ва Аҳлиддин Файзиев дар латту кӯби ду ноболиғ, ки сабаби марги яке аз онҳо шуд, муттаҳам мешаванд.

Акбар Шарифов, масъули дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии вилояти Суғд 10 март ба оҷонсӣ гуфтааст, қаблан нисбат ба ин афрод бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — "Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки бо марг анҷомид", павранда боз гардида буд.

"Дар рафти тафтишот дар робита ба ин қазия боз ду моддаи дигар 104, қ. 2 — "Одамкушӣ" ва 112, қ. 2 — "Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ", зам гардидааст", — афзудааст Шарифов.

Мақомоти пулиси вилояти Суғд моҳи январ аз ҳалокати як ноболиғ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дода гуфтанд, ӯ дар пайи латту кӯби директор ва муҳофизони бозори "Назари нек" ҷон додааст. Манбаъ гуфт, тахминан соатҳои 01:30-и 15 январи соли ҷорӣ ноболиғон Эраҷ Исоеви 16-сола ва Зиёдбек Ҷӯраеви 17-сола, хонандаҳои мактаб-интернати бачагонаи шаҳри Чкалов ба маркази савдои "Сабрина", воқеъ дар бозори "Назари Нек"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, бо роҳи шикастани дари мағозаи хӯрокворӣ, аз хазинаи он 386 сомонӣ маблағи пулиро гирифтаанд.

"Ноболиғон аз ҷамъшавии кормандони бозор огаҳ шуда, барои ба дасти онҳо наафтодан, ба дохили анбори мағоза даромада, дари онро аз дохил маҳкам мекунанд ва пинҳон мешаванд", — илова кардааст манбаъ.

Ба гуфтаи пулис, директори бозори "Назари Нек" Рустамҷон Ҷӯраеви 39-сола бо ду корманди дигари ин бозор — Бобурҷон Юсуфови 29-сола ва Аҳлиддин Файзиеви 37-сола, ноболиғонро аз дохили анбор бароварда, бо истифода аз мушту лагад ва пояи мизи пластмассӣ зери латту кӯб қарор додаанд.

"Дар натиҷа, ноболиғ Зиёдбек Ҷӯраев, ки ятим будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ноболиғи дигар Исоев дар беморхона бистарӣ гардидааст", — иттилоъ медиҳад пулис.

Барчаспҳо:
386 сомонӣ, дуздӣ, ноболиғ, куштор, моддаи нав, ҷараён, тафтиш, Раёсати умури дохила, Аҳлиддин Файзиев, Бобурҷон Юсуфов, Рустамҷон Ҷӯраев, Акбар Шарифов, Суғд, Бобоҷон Ғафуров

Мавзӯъҳои асосӣ