04:04 19 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Ин миқдор нисбат ба маблағе, ки қаблан хонаводаи Мирзоев аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ талаб доштанд, бештар мебошад.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ташхиси психологӣ ҳаҷми зарари маънавии Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшудаи тоҷикро 180 ҳазор сомонӣ муайян кардааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Ин миқдор нисбат ба маблағе, ки қаблан хонаводаи Мирзоев аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ талаб доштанд, бештар мебошад.

Гулчеҳра Холматова, вакили дифои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев, 10 март дар суҳбат бо оҷонсӣ гуфтааст, минбаъд дар додгоҳ ба ҷои 144 ҳазор сомонии қаблӣ аз қушунҳои сарҳадии КДАМ 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб хоҳанд кард.

Пештар хонаводаи Шаҳбол Мирзоев аз ин ниҳод 97 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ талаб карда буд, ки боиси норозигии ҷавобгар гардид.

Вакили мудофеи Мирзоев мегӯяд, дар пайи анҷоми ташхиси психологӣ, ки бо қарори додгоҳ анҷом ёфт, мурофиаи навбатии додгоҳии баҳси хонаводаи сарбоз бо Кумитаи амният 12 март таъин шудааст.

Қаблан Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе ду дархости Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ, аз ҷумла дархост барои радди даъвои хонаводаи Шаҳбол Мирзоевро алайҳи ин ниҳод қонеъ накард.

Зоиршо Назиров, намояндаи Сарраёсат дар додгоҳ гуфт, дар расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ ба Шаҳбол — куҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов ва Гулрухсор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 гунаҳкоранд ва маҳз онҳо бояд дубора ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванду ҷубронро пардохт кунанд.

Аммо Зебуниссо Саидова, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии Мирзоев дар Додгоҳ ин дархости Сарраёсатро рад намуд. Ҳамчунин раисикунандаи мурофиа дархости дигари Сарраёсат дар мавриди омӯзиши дигарбораи хароҷоти ташхису табобати Шаҳбол Мирзоев дар Русияро низ рад кард.

Дар зимн, Зебуниссо Саидова дархости вакили дифои хонаводаи Шаҳболро қабул карда, қарор намуд, барои муайян намудани ҳаҷми зарари маънавии сарбози маъюбшуда ташхиси психологӣ бар по шавад, ки феълан ба манфиати хонаводаи сарбоз анҷом ёфтааст.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли 2013 довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе низ баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон карда буд, "гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз — Усмоналӣ Ғайратов шикастааст".

19 июни соли ҷорӣ Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратовро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.

Аммо дар натиҷаи қонуни афв, Усмоналӣ Ғайратов дар тирамоҳи соли 2014 аз зиндон раҳо шуд.

Барчаспҳо:
моддӣ, маънавӣ, ҷуброн, зарар, додгоҳ, баҳс, мурофиа, Сарраёсати неруҳои сарҳадбонӣ, КДАМ, Гулрухсор Шарифова, Зоиршо Назриев, Усмоналӣ Ғайратов, Шаҳбол Мирзоев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ