10:37 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Нобудсозии маводи мухаддир дар Қазон

Кашфу мусодираи беш аз 18 кило нашъа дар ноҳияи Ҳамадонӣ

© Sputnik / Максим Богодвид
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Масъулини КДАМ мегӯянд, маводи мухаддир аз ҷониби як шаҳрванди Афғонистон, ки қаблан дар яке аз зиндонҳои кишвар адои ҷазо кардааст, ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Се сокини ноҳияи Ҳамадони вилояти Хатлон  бо гумони даст доштан дар қочоқи нашъа боздошт гардидаанд, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста бо такя ба хадамоти матбуотии КДАМ.

Гуфта мешавад, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ се гумонбарро, ки дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст доштанд аснои фурӯши "бор" дастгир кардаанд. Дар маҷмӯъ аз қочоқчиён 18,5 кило афюн мусодира гардид.

Тафтишот муайян кард, ки маводи мухаддир аз ҷониби Сӯфӣ ном шахс, ки шаҳрванди Афғонистон мебошад ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

Тибқи нишондоди яке аз боздоштшудагон, ӯ бо Сӯфӣ,  дар яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон адои ҷазо кардааст. Шаҳрванди Афғонистон дар ин ҷо барои 14 сол зиндонӣ шуда буд. Моҳи феврали ҳамин сол қочоқчии афғон бо боздоштшуда дар тамос шуда, иброз доштааст, ки дар хариду фурӯши маводи нашъадор бо ӯ ҳампкорӣ намояд",- менависад оҷонсӣ бо истинод ба манбаъаш дар КДАМ.

Ҳамин тариқ, шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кор боз ду шиноси худро аз ноҳияи Ҳамадонӣ ҷалб мекунад.

Дар нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуда, тафтишот идома дорад.  

Мавзуъ

Кашфу мусодираи ҳабҳои психотропӣ ва нашъа дар Тоҷикистон
Дар Душанбе беш аз 600 кило нашъа сӯзонида шуд
Дар Кӯлоб 64 нуқтаи фурӯши нашъа ошкор гардид
Мусодираи 12 кило нашъа дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон
Барчаспҳо:
қочоқчиёни маводи мухаддир, нашъа, боздошти гумонбарон, КДАМ, Сӯфӣ, ноҳияи Ҳамадонӣ, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ