00:57 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Моҳи январи соли равон директори бозори “Назари нек” Рустам Ҷӯраев ва ду корманди дигари ин бозор ноболиғонро бо истифода аз мушту лагад ва пояи мизи пластмассӣ зери латту кӯб қарор додаанд. Дар натиҷа, ноболиғ Зиёдбек Ҷӯраев, ки ятим будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ноболиғи дигар Исоев дар беморхона бистарӣ гардид.

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир парвандаҳои райиси бозор, сарвари хадамоти амниятии фурӯшгоҳ ва як корманди дигари он, ки боис ба марги тарбиягирандаи мактаб-парваришгоҳи Чкаловск  гардидаанд, ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар ин бора ОИ Авеста бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти умури дохилаи вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба навиштаи оҷонсӣ, мурофиаи додгоҳии муттаҳамон охири моҳи равон баргузор хоҳад шуд. Дар нисбати онҳо айбҳои нав эълон мегардад.

"Дар рафти тафтишот дар робита ба ин қазия боз ду моддаи дигар 104, қ. 2 — "Одамкушӣ" ва 112, қ. 2 — "Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ", зам гардидааст", — меафзояд манбаъ.

Қайд мешавад, агар гуноҳи онҳо дар додгоҳ исбот шавад ба муддати то 20 сол равонаи зиндон мешаванд ва молу мулки онҳо низ мусодира хоҳад шуд.

Ин воқеа соати шаби 15 ба 16 январи соли ҷорӣ дар бозори "Назари нек"-и Бобоҷон Ғафуров иттифоқ уфтода, барои латту кӯб ва марги Зиёдбек Ҷӯраев сардори бахши бехатарии бозор — Аҳлиддин Файзиеви 37-сола ва корманди ҳамин бахш — Бобурҷон Юсуфови 29-сола низ муттаҳаманд.  

Барчаспҳо:
латукӯб, қуштори ноболиғ, бозори "Назари нек", Зиёдбек Ҷӯраев, Бобурҷон Юсуфов, Рустам Ҷураев, Чкаловск, Шаҳритус, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ