02:43 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Соҳиби ду ширкат дар Душанбе бар хилофи манфиатҳои ин ташкилот ва давлат амал намуда, бо истифодаи ваколатҳои худ ва бо мақсади ғайриқонунӣ ба даст овардани фоида ҷиноят содир намудааст. Ӯ бо “маблағҳои сарфанамуда”-аш барои худ мошини гаронбаҳо харидорӣ карда, пас аз ин таҳти назорати кормандони Агентии мубориза бо фасоди молӣ қарор гирифт.

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Молики ду ширкати тиҷоратӣ дар пойтахт "Фатҳ-2010" ва "Строй-Гигант" бо иттиҳоми тақаллубкорӣ боздошт гардид, менависад сайти Агентии мубориза бо фасоди молӣ.

Тоҷир Зайниддин Разоқов дар як вакт дар вазифаи директории ширкати  «Фатҳ 2010» ва ҶДММ «Строй Гигант» фаъолият намуда, бар хилофи манфиатҳои ин ташкилот ва давлат амал намуда, бо истифодаи аз ваколатҳои худ бо мақсади ғайриқонунӣ ба даст овардани фоида ҷиноят содир намудааст. Номбурда рӯзи  20 сентябри соли 2013 маблағи наздик ба 4,5 миллион сомониро барои харидорӣ намудани 1563 адад компютер ва 160 адад принтер аз хазинаи «Амонатбонк» гирифтааст.

"Аз он 360 000 сомониро, ки барои пардохти андозҳо муайян шуда буд, ба манфиати худ сарф намуда, оид ба ин амалиёт ба фармоишгар (Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ) ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашудаи қалбакиро пешниҳод намудааст",- қайд мешавад дар хабари сарчашма.

Ба иттилои масъулини тафтишот, тоҷир кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, аз ҳисоби ин маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардааш, моҳи марти соли 2014 аз бозори фурӯши воситаҳои нақлиётии шаҳри Душанбе  ба маблағи 196 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 40 ҳазор доллар) автомашинаи тамғаи «Каделак-Эскалид» харидааст.

Ғайр аз ин, дар ҶДММ «Фатҳ- 2010» ва ҶДММ «Строй Гигант» аз ҷониби Агентӣ санҷиш гузаронида шуд. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар фаъолияти ширкати  «Фатҳ- 2010» бо назардошти ҷаримаву фоизҳо ба маблағи як миллиону 200 ҳазор сомонӣ ва дар фаъолияти «Строй Гигант» ба маблағи беш аз 800 ҳазор сомонӣ,  ҷамъ ба миқдори беш аз 2 миллион сомонӣ пинҳонкунии андозҳо ошкор карда шудаанд.

Оиди ҳолати мазкур нисбати Зайниддин Разоқов бо моддаҳои 262 қисми 2 банди «г», 292 қисми 2 банди «б» 295 қисми 1 ва 340 қисми 2 банди «в»-и КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Барчаспҳо:
таққалуб, боздошти тоҷир, дастгир, Агентии мубориза бо фасоди молӣ, Агентии коррупсия, Зайниддин Разоқов, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ