21:28 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеъи худ хабар медиҳанд, ки пулиси Туркия акси қотили эҳтимолии Умаралӣ Қувватов, роҳбари кушташудаи “Гурӯҳи 24”-ро ба даст овардааст.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Акси қотили эҳтимолии роҳбари "Гурӯҳи 24" ба бахши зиддитеррори пулиси Истамбул баъди 10 рӯзи таҳқиқи қазияи куштори Умаралӣ Қувватов дастрас шудааст, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъи наздик ба тафтишоти парванда.

Гуфта мешавад, пулис акси ин қотили эҳтимолиро рӯзи душанбеи 16 март ба Сӯҳроб Тӯраев, яке аз наздикони Умаралӣ Қувватов нишон медиҳад.

"Дар ҳар сурат, ӯро фардо даъват кардаанд, то ба ин акс назаре биандозад, ки оё ӯро мешиносад? Аммо тавре ба назар мерасад, дар пулис мутмаинанд, ки қотили воқеиро пайдо кардаанд",- меафзояд манбаъ.

Ба қавли сарчашма, тайи 10 рӯзи таҳқиқ тавассути тафтиши тамосҳои телефонӣ тақрибан то 15 нафаре, ки дар рӯзҳои қабл аз куштори Қувватов бо Сулаймон Қаюмов, як гумонбари асосӣ дар ташкили ин куштор тамоси телефонӣ доштаанд, мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтанд ва аз ин миён тақрибан 7 ило 8 нафараш дар боздоштанд.

Аммо тасдиқ ё тардиди расмии ин хабарҳо аз сӯи мақомоти бахши зиддитеррори пулиси Истамбул имкон надорад, чунки ин ниҳод аз рӯзи аввали таҳқиқи парвандаи қатли Қувватов аз ҳар навъ ташреҳи ҷузъиёти ин парванда ва кадом пешрафте дар ҷараёни тафтиш худдорӣ мекунад, менависад Радиои Озодӣ.

Умаралӣ Қувватови 47-сола, роҳбари "Гурӯҳи 24", ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, шаби 5 март дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона кушта ва рӯзи 9 март дар оромгоҳи Килёси шаҳри Истамбул ба хок супурда шуд. Қувватов аз соҳибкорони дар гузашта муваффақ дар Тоҷикистон ба шумор мерафт ва сарварии ду ширкати нафтрасон- "Фароз" ва "Тоҷирон"-ро ба ӯҳда дошт. Аммо дар соли 2012 ӯ ва шарики тиҷориаш Шарофиддин Гадоев бо тарки Тоҷикистон "Гурӯҳи 24"-ро таъсис доданд ва наздикони роҳбарияти ҳукумати Тоҷикистонро ба ғасби тиҷоратҳои худ айбдор карданд. Аммо ширкатҳои "Фароз" ва "Тоҷирон" баъди фирори Қувватов ва Гадоев собиқаи раҳбарии Қувватов ба ин ширкатҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, Қувватов бо ин ширкатҳо "ҳамкорӣ" дошт, на "раҳбарӣ".

Қувватов  ду дафъа — аз декабри соли 2012 то сентябри соли 2013 дар Дубай ва аз декабри соли 2014 то январи соли 2015  дар Истамбул — бо тақозои мақомоти Тоҷикистон, ки ӯро ба қаллобӣ ва дуздии беш аз як миллион доллар аз ширкатҳои ин кишвар айбдор карданд, боздошт шуд, вале дар ҳар ду маврид Амороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия аз истирдоди ин мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ба Душанбе худдорӣ карданд. Қувватов бо аҳли хонаводааш дар Туркия як соли охир ба сар мебурд ва мунтазири баррасии дархости паноҳандагиаш аз сӯи Идораи паноҳандагони СММ буд.

"Гурӯҳи 24" яке аз мунтақидони шадиди ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мерафт ва аз ҷумла соли гузашта бо баргузории чанд таҷаммӯи зидди ҳукумат дар шаҳрҳои Русия мардумро ба як эътирози густарда дар рӯзи 10 октябр дар маркази Душанбе ҳам даъват кард. Мақомот дар остонаи 10 октябр табдирҳои амниятро дар атроф ва дохили пойтахт шадид карданд ва Додгоҳи олии Тоҷикистон низ рӯзи 9 октябр "Гурӯҳи 24"-ро ифротӣ ва фаъолияташро мамнӯъ эълон кард.

Мавзуъ

Дар Туркия се гумонбар дар қатли Умаралӣ Қувватов боздошт шуданд
Боздошти Умаралӣ Қувватов дар Истамбул
Барчаспҳо:
дар Истамбул, пулиси Туркия, акси қотилони эҳтимолӣ, боздошти қотилони эҳтимолӣ, "Тоҷирон", "Фароз", "Гурӯҳи 24", Шарофиддин Гадоев, Сулаймон Қаюмов, Сӯҳроб Тӯраев, Умаралӣ Қувватов, Истамбул, Туркия

Мавзӯъҳои асосӣ