11:55 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Ҳашиш дар халтаҳо. Акс аз бойгонӣ

Кашфу мусодираи беш аз 5 кило маводи нашъадор дар Хуҷанд

© Sputnik / Андрей Стенин
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Бо иттиҳоми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 32-солаи маҳаллӣ аз ҷониби кормандони Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд боздошт гардид.

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Аз гумонбаршуда дар маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд ҳангоми машғул буданаш бо хариду фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми беш аз 5 кило    ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд, менависад сайти ВКД ҶТ.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи гузашта аснои баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 32-солаи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар нақлиёт бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид.

"Ташхис нишон дод, ки вазни умумии маводи дарёфтшуда 5 килою 470 граммро ташкил медиҳад",- меафзояд сарчашма.

Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавзуъ

ВКД: беш аз 4 кило нашъа кашфу мусодира гардид
Кашфу мусодираи беш аз 47 кило нашъа дар Тоҷикистон. Тайи як шабонарӯз
Кашфу мусодираи беш аз 18 кило нашъа дар ноҳияи Ҳамадонӣ
Дар Кӯлоб 64 нуқтаи фурӯши нашъа ошкор гардид
Барчаспҳо:
маводи мухаддира, боздошти нашъаҷаллоб, нашъа, ҳашиш, Раёсати умури дохила, ВКД ҶТ, вилояти Суғд, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ