20:21 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Боздоштгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Боздошти корманди амният дар Душанбе бо иттиҳоми ришваситонӣ

© Sputnik / Руслан Кривобок
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
81 0 0

Афсари мақомоти махсуси Тоҷикистон, ки мехост барои “миёнаравӣ” ҷиҳати қатъ кардани тафтиши парвандаи ҷиноӣ дар қиболи як нафар панҷ ҳазор доллар ӣигирад, аснои гирифтани қисме аз маблағ аз ҷониби масъулини оҷонсии мубориза алйҳи фасод боздошт шуд.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо гумони ришваситонӣ як корманди КДАМ-ро боздошт кардааст, хабар медиҳад CA-News ба истинод ба хадамоти матбуотии ин мақомот.

Лейтенанти калони мақомоти амниятии кишвар, ки ба ҳайси корманди фаврии яке аз раёсатҳои КДАМ дар пойтахт фаъолият мекард, барои он ки шаҳрванд А-ро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намояд, аз ӯ 5 ҳазор доллар ришва талаб кардааст.

Ӯ рӯзи 23 март аснои гирифтани қисме аз пора- 2 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир гардид.

Нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми "гирифтани пора" тибқи моддаи 319 КҶ ифтитоҳ шуда, тафтишот идома дорад.

Мавзуъ

Ду корманди Агентии зидди нашъа бо $83 ҳазори пора боздошт шуданд
Як “фурӯшандаи” билети ҳарбӣ боздошт шудааст
Расонаҳо: дар Тоҷикистон “генерали тақаллубӣ”-и Русия боздошт шуд
Барчаспҳо:
2 ҳазор доллар, порагирӣ, бо ришва, боздошт, КДАМ, Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, А, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ