11:23 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Маҳвсозии маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ

Мусодираи 30 килограм ҳашиш дар як ҳафтаи ахир

© Sputnik / Олег Золото
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Зимни ҷустуҷӯ аз гумонбарон – сокини 30 солаи Кӯлоб наздики 19 килограм маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Бо гумони нигаҳдории ғайриқонунии беш аз 12 килограм маводи нашъадори ҳашиш рӯзи шанбеи 11 апрел, сокини 38-солаи ноҳияи Ишкошим дастгир шуд, менависад сомонаи МВД.

Тибқи маълумоти мақомоти қудратӣ, ҳангоми кофтуков аз он мард 12 кг 480 грам ҳашиш пайдо шудааст.

Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Як рӯз қабл аз ин ҳодиса, бо тақрибан 19 килограм маводи мухаддир сокини 30- солаи минтақаи Кӯлоб дастгир шудааст.

Зимни ҷустуҷӯи гумонбар аз ҷониби гуруҳи фаврии минтақа, аз вай 18,8 килограм маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса низ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад, зикр шудааст дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ.

Барчаспҳо:
ҷустуҷӯ, 30 кило, парвандаи ҷиноятӣ, ҳашиш, маводи мухаддир, гумонбар, боздошт, ВКД, Кӯлоб, Ишкошим

Мавзӯъҳои асосӣ