04:41 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Корманди БДА аснои назорати роҳ. Акс аз бойгонӣ

Дар Кӯлоб як ронанда нозири БДА-ро бо корд захмӣ кард

© Sputnik / Алексей Мальгавко
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
33 0 0

Ронанда ба ҷои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ронандагӣ бо се зарби корд нозири БДА-ро маҷрӯҳ кардааст.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ронанда ба фармони нозири роҳ итоат накарда мегурезад ва ҳангоми ба даст афтодан ба ҷои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ба шиками нозири БДА се корд задааст, менависад ОИ Авеста бо истинод ба иттилоъи  Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.

Ба қавли манбаъ, пулис  Мирзоаҳмад Камолови 38-сола, сокини кӯчаи Советии шаҳри Кӯлобро бо иттиҳоми бо зарби корд захмӣ кардани нозири Бозрасии Давлатии Автомобилӣ, майор Сӯҳроб Исмонқулов, боздошт кардаанд.

Ҳамзамон, Радиои Озодӣ дар шарҳи ин қазия менависад, ин сокини Кӯлоб аввал ба фармони нозири роҳ итоат накарда мегурезад ва танҳо баъди аз қафояш шудани Исмонқулов мошинро нигоҳ медорад. Ҳамон вақт ба ҷои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ронандагӣ бо се зарби корд нозири роҳро маҷрӯҳ кардааст.

Ҳоло нозири БДА таҳти назари табибон аст ва агарчӣ пеши роҳи хунравӣ гирифта шудааст, аммо зарби як корд ба ноҳияи шикамаш хеле сахт буда, пизишкон  дар пайи сиҳат кардани онанд.

Дар ҳоли ҳозир ронанда боздошт гардида, тафтишоти қазия  идома дорад

Ин ҳодисаи аввалини бархӯрди ронандаҳо бо кормандони БДА нест. Ҳамагӣ тақрибан ду моҳи пеш мақомоти интизомии Тоҷикистон алайҳи Баҳриддини Наҷмиддин, ронандае, ки корманди Бозрасии Давлатии Автомобилиро дар Душанбе рӯи "капот"-аш то 100 метр бурда ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард, парванда боз намуданд.

Аввали моҳи апрел бошад, мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, алайҳи боз як ронандаи дигар, ки дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви Душанбе ба фармони нозири роҳ итоат накарда, ӯро зер кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.  

Барчаспҳо:
нозири БДА се зарби корд гирифт, ҳодиса дар шаҳри Кӯлоб, ронанда нозирро захмӣ кард, Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, БДА, Баҳриддини Наҷмиддин, Сӯҳроб Исмонқулов, Мирзоаҳмад Камолов, Душанбе, Кӯлоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ