ВАО: эҳтимоли боздошти фармондеҳи “ОМОН”

© SputnikБинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ибтидои моҳи ҷорӣ Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси ВКД ё “ОМОН” як бора нопадид шуд ва овозаҳора атрофи номаш бедор кард.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси ВКД ё "ОМОН" бо шиносномаи тақаллубӣ дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст, хабар медиҳад TojNews.

"Ба иттилои ғайрирасмӣ, фармондеҳи ОМОН бо ному насаби сохта қасди сафар ба Сурияро доштааст", — менависад хабаргузорӣ.

Дар мавриди бедарак шудани Гулмурод Ҳалимов охири моҳи апрел сару садоҳо баланд шуд. Мақомоти расмӣ то ҳол хабарҳои "гум" шудани полковникро таъйид ё рад накардаанд. Ахиран, хабаргузории "Азия Плюс" аз қавли як манбааш дар мақомот иттилоъ дод, ки Гулмурод Ҳалимов вақтҳои охир ба фаъолияти созмони террористии ба ном "Давлати Исломӣ" майл дошта ва ҳудуди 10 шаҳрванди дигари кишварро ба ивази маблағ ба ин ҳаракат ҷалб намудааст.

Ба иттилои ин хабаргузорӣ, Ҳалимов ҳамроҳ бо 10 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки бекор будаанд, якуми май ба Маскав парвоз намудааст. Аллакай 2 май ӯро дар фурудгоҳи Шереметоваи Маскав дида будаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан манобеи "Озодагон" дар мақомоти умури дохилӣ, хабари гумшавии полковник Гулмурод Ҳалимовро дурӯғ хонданд. Мақомот гуфта буданд, Ҳалимов гум нашуда, балки дар рухсатии меҳнатӣ дар Туркия қарор дорад.

Вале дар як суҳбат бо "Радиои Озодӣ" пайвандони Ҳалимов гуфтанд, вай субҳи 23 апрел бо ваъдаи он ки пас аз 3 рӯз бармегардад, аз хона берун шуда, то ҳоло бенишон аст. Назир Ҳалимов, бародари 28-солаи Гулмурод Ҳалимов дар сӯҳбат ба ин радио нопадид шудани ӯро тасдиқ карда, гуфтааст, телефонаш хомӯш аст.

Гулмурод Ҳалимови 40-сола, ки тайи се соли охир вазифаи сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, соли гузашта бо фармони вазир унвони полковникиро гирифт. Ӯ, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад, барои шуҷоату мардонагӣ дар амалиётҳои гуногун дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0