23:37 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Завлона (дастбанд). Акс аз бойгонӣ

Боздошти раиси идораи андози ноҳияи Фирдавсӣ бо иттиҳоми ришваситонӣ

© Sputnik /
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Ду масъули идораи андози як ноҳияи пойтахт бо ҷурми порагирӣ боздошт гардида, тафтиши парвандаи онҳо идома дорад.

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Сардори идораи андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва мутахассиси пешбари ин муассиса бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ дастгир шудаанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Оҷонсии мубориза алайҳи фасод.

"Сардори нозироти андози ноҳияи Фирдавсӣ як соҳибкорро маҷбур кардааст, ки барои ошхонаи бӯстонсарояш дар ноҳияи Варзоб ҷевони 1500 долларӣ гирифта, насб кунад",- омадааст дар хабари манбаъ.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки сардори нозироти андоз ва мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ бо соҳибкорони инфиродии ноҳияи Фирдавсӣ, роҳи тамаъҷӯиро пеша намудаанд. "Онҳо барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкории шаҳрванд «А», ки бевосита ба доираи ваколатҳои хизматиаш дохил мебошад, бо маслиҳати пешакӣ, ғайриқонунӣ санади қатъ шудаи соҳибкориро то 26 январи соли 2015 дар худ нигоҳ дошта, соҳибкор «А»-ро қасдан ба чунин ҳолате гузоштанд, ки маҷбур шуд то барои ҳалли кораш ба онҳо пора диҳад".

Феълан, аз рӯи ин ҳодиса нисбати сардори нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ бо соҳибкорони инфиродии ҳамин ноҳия парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Барчаспҳо:
ришваситонӣ, тафтиши қазия идома дорад, насби мебели 1500 долларӣ, дастгир шудани раиси андози ноҳияи Фирдавсӣ, нозироти андози ноҳияи Фирдавсӣ, Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, "А", ноҳияи Фирдавсӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ