08:59 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Боздошт. Акс аз бойгонӣ

Боздошти се мақомдор бо иттиҳоми фурӯши билети ҳарбӣ

© Sputnik / Игорь Зарембо
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Оиди ин 8 май нисбати муовини комиссари ҳарбӣ-сардори зершӯъбаи сафарбарии комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ давом дорад.

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Се кормандони мақомоти Тоҷикистонро дар ноҳияҳои Ваҳдату Файзобод боздошт шудааст, ки ба ғайриқонунӣ тайёр кардани билети ҳарбӣ машғул будаанд, менависад сомонаи оҷонсии мубориза бо коррупсия.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, 8-уми май "корманди ротаи Хадамоти дидбонию пайраҳадории ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, баъди гирифтани маблағи 200 доллари ИМА аз шаҳрванд "М" дастгир карда шуд".

Агентӣ ӯро ба он муттаҳам мекунад, ки ҳамроҳ бо бо Сардори шуъбаи дуюми комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат, барои тайёр намудани билети ҳарбӣ ба номи шаҳрванд "А" аз шаҳрванд "М" маблағи 300 доллари ИМА талаб кардаанд. 100 доллари ин маблағро гирифтаанд. Ҳамин тавр нисбат ба ин нафарон бо моддаи 319 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати корманди ротаи Хадамоти дидбонию пайраҳадории ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ва бо моддаи 36 қисми 5-319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар Агентӣ хабар додаанд, ҳамчунин, дар ҳамин рӯз дар шаҳри Ваҳдат "шаҳрванд "А", ки хоҳиш ва дастури муовини комиссари ҳарбӣ-сардори зершӯъбаи сафарбарии комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзободро иҷро мекард, баъди гирифтани маблағи 400 доллари ИМА аз шаҳрванд "Н", дастгир карда шуд". Мақомот муайян кардаанд, ки боздоштшуда барои тайёр кардани билети ҳарбӣ 400 доллари ИМА, талаб намудааст.

"Оиди ин ҳолат 8 май нисбати муовини комиссари ҳарбӣ-сардори зершӯъбаи сафарбарии комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод, бо моддаи 32 қисми 3 ва моддаи 319 кисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ давом дорад", — мегӯянд дар Агентӣ.

Барчаспҳо:
пора, иттиҳом, фуруӯш, билети ҳарбӣ, се мансабдор, боздошт, Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, Файзобод

Мавзӯъҳои асосӣ