11:06 11 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Як сарбоз барои лату кӯби ҳамхидматаш ба 5,6 соли зиндон маҳкум шуд

© Sputnik Игорь Лекаркин
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Фаррух Пулодов барои нишон додани бартарии худ ҳамхидматаш – Баҳриддин Насриддиновро мавриди лату кӯби шадид қарор медиҳад, ки дар натиҷа Баҳриддин ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, чанд рӯз дар беморхона бистарӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе Фаррух Пулодов, сарбози Вазорати мудофиаро барои латукӯби шадиди ҳамхидматаш-Баҳриддин Насриддинов, ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кардааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Дар ин бора ба хабаргузорӣ ташкилоти ҷамъиятии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" иттилоъ додаанд. Ҳуқуқшиносони ин ташкилот дар додгоҳ манофеи Баҳриддин Насриддиновро ҳимоят мекарданд.

Қазияи лату кӯби Баҳриддин Насриддинов, сокини 22-солаи шаҳри Хуҷанд, 6-уми марти соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваста, зери назорати ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон буд.

Ба иттилои "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" Фаррух Пулодов дар ошхонаи қисми низомии 12019-и Вазорати мудофиа барои нишон додани бартарияти худ Насриддиновро латукӯб кардааст, ки дар натиҷа ҷабрдида зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, давоми чанд рӯз беҳушу бе ёд дар беморхона бистарӣ буд.

Баҳриддин Насриддинов ду соли пеш ба хизмат дар қисми низомии 12019-и Вазорати мудофиа ҷалб шудааст ва тибқи фармони президент бояд моҳи апрели соли аз хизмати ҳарбӣ ба эҳтиёт ҷавоб дода мешуд.

Мавзуъ

Озодӣ: сарбоз як моҳ қабл аз мураххас шуданаш латукӯб шудааст
Ташхис мегӯяд, сарбози маҷруҳ ҳаққи даъвои 180 ҳазор сомониро дорад
Барчаспҳо:
ҳамхизмат, лату кӯб, 5,6 сол, зиндон, ҳукм, вазорати мудофиа, Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе, Баҳриддин Насриддинов, Фаррух Пулодов, Душанбе, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ