20:21 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Омӯзгори ДДХ барои ришваситонӣ 14,8 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

© Sputnik Искандари Фируз
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноиро дар қиболи як муаллимаи донишгоҳи маҳаллӣ баррасӣ карда, ҳукми сабук эълон намуд. Ӯ ҷарима супорида, ба таълиму тарбия дар мактаби олӣ идома хоҳад дод.

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Устоди кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо қарори додгоҳи шимоли кишвар бо ҷурми ришваситонӣ (дар ҳаҷми 1 ҳазор доллар) муҷрим шинохта шуда, 14,8 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳад пардохт, менависад ОИ Авеста.

Кормандони мақомоти мубориза алайҳи фасоди вилояти Суғд ин бонуро аснои гирифтани пора аввали баҳори соли равон боздошт карда буданд.

"Дар нисбати омӯзгор бо моддаи 247 КҶ Тоҷикистон (таққалубкорӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида буд",- иброз доштааст додраси додгоҳи Хуҷанд Нигора Назариён.

Ба гуфти вай, устоди мактаби олӣ аз як сокини вилояти Суғд барои дохил кардан ба донишгоҳ пора талаб кардааст.

Додгоҳ қарор кард, ки пас аз пардохти ҷарима омӯзгор ба фаъолияти касбиаш идома бидиҳад.

 

 

 

 

Барчаспҳо:
ришваситонӣ, порахӯрӣ, ҷаримаи устоди донишгоҳ, додгоҳи Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Нигора Назариён, Хуҷанд, шимоли кишвар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ