09:22 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
170 0 0

Ин ҳодиса рӯзи чаҳоруми июн рух додааст, аммо тафтишот ҳамагӣ чанд рӯз қабл ошкор кардааст, ки модар бар асари марги маҷбурӣ фавтидааст.

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Раёсати умури дохилии Рашт як сокини 24-солаи ноҳияро ба иттиҳоми қатли модари 61-солааш боздошт кардааст, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

Боздоштшуда дар пайи он ки модараш шоҳиди ҳамхобагии ӯ бо ҳамсари бародари муҳоҷираш шудааст, даст ба куштори ӯ задааст.

"Модараш санаи 4-уми июни соли равон соати 14:00-дақиқа шоҳиди он шудааст, ки дастгиршуда бо ҳамсари 25-солаи бародари муҳоҷираш муносибати шаҳвонӣ менамояд. Модари 61-солаи гумонбаршуда, ин ҳолатро дида, писарашро барои ин амали ғайриинсонӣ сарзанишу маломат карда, таҳдид мекунад, ки ӯро ба кормандони милитсия месупорад. Ҳамсари бародараш ба таҳлука афтода ба гумонбаршуда мегӯяд, ки акнун модарат сирри моро дар байни ҳамдеҳагон паҳн карда, моро шарманда мекунад. Барои ҳамин ту бояд ягон кор кунӣ, яъне модаратро ба қатл расонӣ", — менависад сомона.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҷавон маслиҳати ҳамсари бародарашро қабул карда, тақрибан соати 15:00-дақиқаи 4-уми июн, замоне, ки модараш барои гирифтани об меравад, бо тахта ба тарафи чапи сари модараш мезанад.  

"Гумонбаршуда модари азҳушрафтаашро ба ҳаммом партофта, баъди 3 соат доду фарёд мезанад, ки гӯё модараш бемории сактаи дил доштаасту ҳангоми ба ҳаммом даромадан, ғалтида ба ҳалокат расидааст", — омадааст дар сомона.

Ҷанозаи модар 5-уми июн ба хок супорида шуд, вале дар пайи тафтишот баъди 16 рӯз асли воқеа маълум ва муттаҳам боздошт шудааст. Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад, хабар медиҳад ВКД.

Барчаспҳо:
парванда, ҷиноят, боздошт, ҳамхобагӣ, муҳоҷират, бародар, келин, зинокор, қатл, ВКД, Рашт

Мавзӯъҳои асосӣ