Кашфу мусодираи қариб 9 кило нашъа дар Тоҷикистон дар як рӯз

Обуна шудан
Рӯзи шанбеи гузашта, кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон ду далели гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор карданд.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе марди 62-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир шуд, менависад сайти ВКД ҶТ.

"Ҳангоми тафтиш аз ӯ 8 килою 353 грамм маводи нашъадори афюн ва 490 грамм ҳероин дарёфт ва мусодира гардид"- омадааст дар хабари манбаъ.

Ҳамчунин дар ин рӯз, дар ҳудуди ноҳияи Панҷ низ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронандаи 22-солаи сокини ҳамин ноҳияро боздошт намуданд.

Дар вақти кофтуков ва азназаргузаронӣ аз таги чамбараки автомашина 936,9 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.

Аз рӯи ҳар ду далел парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0