23:20 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” дар моҳи феврали соли ҷорӣ боздошт ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Додситонӣ барои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба "Шайх Темур" 18 соли зиндон тақозо кардааст, аммо вакили дифои "Шайх Темур" аз ин тақозо розӣ нест, менависад хабаргузории "Озодагон".

Якуми июли соли равон дар мурофиаи навбатии қазияи "Шайх Темур" айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хост, гумонбаршударо 18 сол аз озодӣ маҳрум созад. Мавлудхон Салихов, вакили мудофеи Саидмаҳдихон Сатторов ба хабаргузорӣ гуфтааст, ин муҳлат хеле зиёд аст ва наметавонанд ба он розӣ шаванд.

"Айбдоркунандаи давлатӣ дар асоси моддаи 250 — тамаъҷӯӣ 18 сол талаб кардааст. Ҷиноятҳои дигаре, ки зерҳимояи ман бо онҳо муттаҳам мешуд, қаблан исботи худро ёфтанд, аммо дар асоси қонуни афв, бахшида шуданд", — гуфтааст вакили дифоъ.

Дар назар аст, рӯзи сешанбеи 7 июл Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми "Шайх Темур"-ро дар боздоштгоҳи №1 эълон кунад, иттилоъ додааст Салихов.

Саидмаҳдихон Сатторов дар баробари тамаъҷӯӣ дар анҷоми ҷиноятҳои дигар, назири монеъ шудан ба таҳсили фарзандон, несту нобуд кардани гӯрҳо, ишғоли худсаронаи замин муттаҳам мешуд.

Номи "Шайх Темур" баъди он вирди забон шуд, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврали соли ҷорӣ филми мустанадеро бо номи "Ривояти Шайх Темур" намоиш дод. Дар он аз мардумфиребиҳои Сайидмаҳдихон Сатторов нақл мешуд. Баъдан, Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дархости Додситонии кулл ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифт ва 9 июни соли равон дар боздоштгоҳи №1-и шаҳри Душанбе нахустин мурофиаи додгоҳии ӯ баргузор шуд.

Барчаспҳо:
18 сол, зиндон, иттиҳом, қаллобӣ, ҳукм, Додгоҳи ноҳияи Сино, Додгоҳи олии Тоҷикистон, Мавлудхон Салихов, Саидмаҳдихон Сатторов, "Шайх Темур", Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ