01:32 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
51 0 0

Додгоҳи олии Тоҷикистон Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темурро”-ро ба 16 соли зиндони низомаш пурзӯр, маҳкум кард.

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8-уми июл ҳукми худ дар нисбати Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба "Шайх Темур"-ро эълон кард ва ӯро барои 16 равонаи зиндон намуд, менависад "Радиои Озодӣ".

Додгоҳ ҳамчунин муриди 39-солаи ӯ Фузайл Низомовро ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ барои понздаҳуним сол равонаи зиндон кард.

Мавлудхон Салихов, вакили мудофеи "Шайх Темур" бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, мурофиаи парвандаро Додгоҳи олии Тоҷикистон пушти дарҳои баста дар яке аз толорҳои Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе анҷом дод.

Духтари "Шайх Темур" — ягона узви хонадони Саидмаҳдихон Сатторов, ки дар ин мурофиа ширкат дошт, ба расонаҳо гуфтааст, аз ҳукми додгоҳ дар нисбати падараш норозӣ мебошанд ва ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ Дилафрӯз Исмоилова аз додгоҳ барои "Шайх Темур" 18 соли зиндон ва барои муриди ӯ Фузайл Низомов 16 соли зиндон пурсида буд.

Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба "Шайх Темур", рӯзи 7 июл дар сухани охиринаш дар додгоҳ аз ҷамъи иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншуда танҳо бисёрзаниро ба гардан гирифта, аз додгоҳ хост, ки синну соли ӯро ба инобат бигиранд ва дар ин моҳи Рамазон аз толори додгоҳ озодаш кунанд.

Саидмаҳдихон Сатторов, сокини 65-солаи ноҳияи Турсунзода рӯзи 16 феврали соли ҷорӣ дастгир шуда ва алайҳи ӯ бар асоси моддаи 250, яъне тамаъҷӯӣ, моддаҳои 164 (монеъ шудан ба таҳсили фарзандон), 243 (таҳқири ҷасади фавтидагон ва ё несту нобуд кардани гӯрҳо), моддаи 338 (ишғоли худсаронаи замин) айбнома эълон шудааст.

Дар як гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба "Шайх Темур" ба он айбдор мешуд, ки гӯё даъвои пайғамбарӣ мекард ва дар яке аз гӯристонҳои ноҳияи Ваҳдат чандин қабрро вайрон карда, барои падараш мақбараи бузургу боҳашамате сохтааст. Ӯ ҳамчунин ба бисёрзанӣ ва тасарруфи замини як мактаб айбдор мешуд.

Дар ин филми мустанад гуфта мешуд, ки Саидмаҳдихон Сатторов 7 зан дорад ва соли 2012 номи худро дар ҳуҷҷатҳои расмиаш аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст.

Муаллифони филм "Шайх Темур"-ро як "қаллоби динӣ" ва пайравони ӯро "саллакабудон" номида мегуфтанд, ӯ ва муридонаш, ки саллаи кабуд мебастанд, тавонистаанд, садҳо нафарро ба доми фиреб андохта, барои худ аз ҳисоби мардум зиндагии пур аз нозу неъмат ва айшу ишрат дуруст кунанд. Дар ин филми мустанад зери унвони "Ривояти Шайх Темур" гуфта мешуд, Саидмаҳдихон Сатторов қисме аз замини мактаби деҳи Сангмелаи Мӯсоро ғасб карда ва барои як ҳамсараш хона сохтааст.

Ҳамчунин занеро дар филм нишон доданд, ки гӯиё ҳамсари Шайх Темур будааст ва ӯро баъдан бемори рӯҳӣ гуфта, ба тимористон (шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ) овардаанд. Дар як саҳнаи дигари филм дида мешуд, ки муридон ва ё пайравони Саидмаҳдихон Сатторов, барои пойандози ӯ кашмакаш мекунанд ва баъзе аз онҳо мошини ӯро мебӯсанд.

Саидмаҳдихон Сатторов, соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада ва дар овони ҷавониаш 2 сол зиндонӣ шудааст. Баъдан ба водии Ҳисор кӯч баста, дар деҳаи Асбоби ноҳияи Турсунзода зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи мақомот, ӯ дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор манзили зист ва зан доштааст. Баъзе аз эътиқодмандони Шайх Темур гуфтанд, ки иддаоҳо дар бораи ӯ тӯҳмат аст.

Барчаспҳо:
ҷиноят, 16 соли зиндон, ҳукм, Додгоҳи олии Тоҷикистон, "Шайх Темур", Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ