Таҳқиқи садамаи автобус дар кишвари Красноярски Русия оғоз шуд

© Sputnik / ГУ МВД России по Красноярскому краю / Гузариш ба медиабонкДар маҳалли тасодум дар кишвари Красноярск
Дар маҳалли тасодум дар кишвари Красноярск - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи бозрасӣ аз маҳалли ҳодиса дидор ва шоҳидонро бозпурсӣ ва куллияи далоили ошкоршударо сабт мекунад, интизор меравад, ки ба зудӣ ду ташхисӣ фаннӣ анҷом мешавад, ки саҳнаи ҳодисаро рӯшан месозад.

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар пайи нақзи қавоиди ҳаракат дар ҷодда, ки бар асари садамаи автобус дар кишвари Красноярск боъиси марги мардум шудааст парвандаи ҷиноӣ боз шуда гурӯҳи бозрасон ба фаъолият оғоз кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуъотии пулиси ин минтақа.

Автобусе, ки субҳи рӯзи чаҳоршанбе аз Красноярск ба ҳаракат оғоз кард дар километри 701 шоҳроҳи М-53 "Байкал" дар наздикии рустои Шишково тасодум кард. Ба иттилоъи бахши ВКД ФР дар кишвари Красноярск дар пайи ин садама 11 нафар ҷони худро аз даст дода 44 нафари дигар ҷароҳатҳо бардоштанд. Раҳбарик ин минтақа 23 июлро Рӯзи мотами қурбониёни ин ҳодиса эълом карда ба вазорати тандурустии минтақа дастур дод, ки ба куллияи осебдидагон кӯмаки зарурии пизишкӣ ироъа шавад.

Дар маҳалли садамаи нақлиётӣ дар кишвари Красноярск - Sputnik Тоҷикистон
Садама дар Красноярск: 23 июл Рӯзи мотам эълом шуд

"Сарраёсати бозрасии ВКД Русия дар кишвари Красноярск бар пояи ҳодисаи тасодум дар қаламрави ноҳияи Козулск тибқи моддаи 264 Қонуни ҷиноии ФР "Нақзи қавоиди ҳаракат дар роҳ ва ё идораи васоили нақлия, ки боъиси марги ду ва ё нафарҳои бештар шудааст" парвандаи ҷиноӣ боз кард", — омадааст дар хабар.

Феълан бозрасони пулис аз маҳалли ҳодиса дидан карда шоҳидони садамаро бозпурсӣ мекунанд. Анҷоми ташхисҳои пизишкиву додгоҳи таъйин шудаанд. Бозрасон дар маҳалли ҳодиса куллияи шавоҳидотро сабт мекунанд ва сипас ташхиси фаннӣ ва ҷоддаӣ анҷом дода мешаванд. Мушкил ин аст, ки мошини боркаш дар ин ҳодиса дар пайи оташсӯзӣ комилан тахриб шудааст. Равоншиносони пулис бо мусофирон ва пайвандони онҳо умури зарурӣ анҷом медиҳанд, хабар доданд дар маркази матбуъотии ВКД.

Қаблан маркази матбуъотии раҳбари кишвари Красноярск хабар дода буд, ки комиссияи байнисоҳавӣ барои бозрасии ширкатҳои нақлиётӣ, ки ба ҳамлу нақли мусофирон машғуланд, таъсис дода мешавад. Дар маркази матбуъотӣ тазаккур доданд автобусе, ки дуҷори садама шуд, ба ширкати нақлиётие таъаллуқ дорад, ки автобуси он 9 июл дар километри 143 шоҳроҳи М-54 "Енисей" низ тасодум кард, ки дар пайи он 11 нафар мусофир ҷони худро аз даст доданд.

Садамаҳои бузург бо ширкати автобусҳо дар Русия

Дар моҳи июл дар Русия чаҳор садамаи нақлиётии бузург бо мушорикати автобусҳо рух додаанд. Дар пайи ин тасодумҳо беш аз 30 нафар кушта шуда беш аз 40 шаҳрванд ҷароҳатҳо бардоштаан. Дар бораи садамаҳои дигар бо ширкати автобусҳо дар ин ҷо бихонед>>

Лентаи хабарҳо
0