04:16 20 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Судури ҳукми Иля Горячев

Додгоҳи Москав қотили шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳабси абад маҳкум кард

© Sputnik / Илья Питалев
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Ҳайати мушовараи додгоҳ якдилона Иля Горячевро муҷрими куллияи иттиҳомот донист. Дар миёни фармоишоти ҷиноии Горячев қатли вакили мудофеъ Станислав Маркелов, шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов ва раҳбарони ҷунбиши ҷавонони зидди фашизм.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Додгоҳи Москав имрӯз раҳбари гурӯҳи ростгарои БОРН (Созмони ҷангии миллатгароёни рус) Иля Горячевро ба иттиҳоми тарҳрезии чанд қатл ба ҳукми абад маҳкум кард ва ба ҳангоми қироати ҳукм Горячев аз ҳуш рафт.

Вай тибқи моддаҳои қонуни ҷиноии ФР "қатл" ва "муомилаи ғайриқонунии аслиҳа" муҷрим дониста шуд. Гузашта аз ин додгоҳ ҳукм кард, ки Горячев ба модари аз сӯйи аъзои БОРН зиддифашист Иля Ҷапаридзеи кушташуда 5 миллион рубл ҷубронпулӣ пардохт кунад.

Қаблан ҳайати мушовараи додгоҳ якдилона Иля Горячевро муҷрими куллияи иттиҳомот донист ва зикр карданд, ки ӯро набояд афв кард. Додситон барои Горячев ҳукми абад тақозо кард. Худи муттаҳам худро қурбонии сиёсӣ номид ва вукалои мудофеъ аз додгоҳ тақозо карданд, ки табраъа шавад.

Маҳкумшуда барои қатли зиддифашистҳо Федор Филатов ва Иля Ҷапаридзе, вакили мудофеъ Станислав Маркелов, донишҷӯй, зодаи Озарбойҷон Расул Халилов ва шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов дастур додааст.

Ёдовар мешавем, ки 10 декабри соли 2008 дар қутти партов дар назди бинои мақомоти ноҳияи Можайски пойтахт сари аз тан ҷудошуда ошкор шуд. Дертар пулис ҳуввияти кушташударо мушшахас карданд. Вай зодаи 20 солаи Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов будааст, ки дар анбори сабзавот кор мекард.

Қавмгароён ба Азизов ва дӯсти 22 солаи вай 6 декабр ҳамла кардаанд. Дӯсти Азизов ҷароҳатҳо бардошта аз маҳалли ҳодиса фирор мекунад. Вай сареъан дар бораи вуқӯъи ин ҳамла ба пулис хабар медиҳад. Баъд аз муддате маъмурони пулис дар наздикии рустои Жабкино ҷасади бидуни сари Азизойро пайдо карданд.

9 декабр ба суроғаи электоронии "Дафтари москвагии ҳуқуқи инсон" номае бо акси сари аз тан ҷудошудаи муҳоҷир ворид мешавад.

Дар ин нома ҳамчунин ба мақомоти Маскав вуҷуд дошт ва муаллифони нома аз онҳо дархост кардаанд, ки муносибати худ ба зодагони Қафқоз ва Осиёи Миёнаро иваз кунанд. Зери ин нома созмоне бо номи "Созмони ҷангии миллатгароёни рус" имзо гузошта шуда буд.

Ба назари таҳқиқот Горячев БОРН-ро дар авосити соли 2008 дар Москав якҷо бо Никита Тихонов, ки низ ба ҳукми абад маҳкум шудааст, таъсис медиҳад. Қаблан дар робита бо қатли Маркелов Евгения Хасис дар баёноти худ дар додгоҳ Горячевро қотил номида изҳор дошт, ки "маҳз вай дастури қатл медод".

Мавзуъ

Нигаронии маскавиҳо аз муҳоҷират, ҷиноёти қавмӣ ва кисабурон
Ҳашт муҳоҷир дар "зиндони муҳоҷирон"-и Маскав қасди худкушӣ карданд
Назарсанҷӣ: 27% сокинони Русияро муҳоҷирон нороҳат намекунанд
Барчаспҳо:
ҳукми додгоҳ, муҳоҷират, сари муҳоҷири кориро буриданд, куштори муҳоҷир, ҳукми абади қотили Салоҳиддин Азизов, додгоҳи шаҳри Москав, БОРН, Созмони ҷангии миллатгароёни рус, Салоҳиддин Азизов, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ