20:29 17 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ

АНМН: кашфи як “нашъахона” дар пойтахти Тоҷикистон

© Sputnik / Олег Золото
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Теъдоди нашъамандон дар Тоҷикистон бештар аз 7 ҳазор гуфта мешавад ва шумори мӯътодон дар пойтахт ба фарқ аз дигар шаҳру навоҳии кишвар зиёдтар, яъне беш аз 3 ҳазор нафар тахмин мешавад.

ДУШАНБЕ, 03 авг — Sputnik. Масъулони Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар Душанбе хонаеро ошкор кардаанд, ки аз сӯи як зан ба иҷора гирифта шуда, ҳар рӯз ба чандин нафар «хидмат» мекардааст, менависад сомонаи АНМН.

«Масъулини Агентии назорат аз боли маводи нашъаовари Тоҷикистон як манзилеро дар шаҳри Душанбе ошкор кардаанд, ки ҳар рӯз то ҳашт ҷавони аз бист то сисоларо бо ҳероину афюн "меҳмондорӣ" мекардааст ва ин хонаро онщо баъд аз шикояти сокинон ошкор кардаанд»,- иттилоъ медищад манбаъ.

Гуфта мешавад, ин хона аз сӯи як зани 35-солаи соҳиби ду фарзанд ба иҷора гирифта шуда ва мавриди истифодаи нашъамандон қарор доштааст. Аснои тафтиши хона аз он ҷо чанд сӯзандору ва ҳероин ҳам пайдо гардида, «меҳмонҳо» дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштанд.

Ҳоло дар робита ба қазия як сокини пойтахт, ки ба далели халал нарасондан ба кори тафтишот аз ӯ ном бурда намешавад, барои дастрас кардани маводи мухаддир ба "меҳмонҳо"-и ин хона боздошт шудааст. Мақомот мегӯянд, алайҳи ин сокини пойтахт ва зани 35-сола бар асоси моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "ташкил ё нигоҳдошти фасодхона барои истеъмоли маводи нашъадор ва ё моддаҳои психотропӣ" ифтитоҳ шуда, тафтиш идома дорад.

Ба иттилоъи расмӣ теъдоди нашъамандон дар Тоҷикистон бештар аз 7 ҳазор гуфта мешавад ва шумори мӯътодон дар пойтахт ба фарқ аз дигар шаҳру навоҳии кишвар зиёдтар, яъне беш аз 3 ҳазор нафар тахмин мешавад.

Барчаспҳо:
мӯътодон, кашфи як хонаи нашъафурӯшӣ дар Душанбе, нашъа, маводи мухаддир, нашъаҷаллобӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, АНМН, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ