Озодӣ: муноқиша бо ширкати сарбозони пойгоҳи Русия таҳқиқ мешавад

© wikimedia.org/IbrahimjonДаромадгоҳи Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ
Даромадгоҳи Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвандаи ҷиноӣ ба иттиҳоми муштзанӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки ба гуфтаи шоҳидон мубтакиронаш сарбозони пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон буданд, оғоз шудааст. Натоиҷи ин таҳқиқ ба додситонии низомии Русия ирсол хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Алайҳи чанд тан аз низомиёни пойгоҳи 201 ФР дар Кӯлоб, ки дар ҳолати мастӣ дар авохири моҳи июл бо сокинони маҳаллӣ муштзанӣ кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Зикр шудааст, ки додситонии Кӯлоб дар робита ба ин қазия 20 низомии русро мавриди бозпурсӣ қарор додааст, вале ин расона мушаххас накардааст, ки алайҳи чанд нафари онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин қазия ба иттилоъи шоҳидон шоми 28 июл ба ибтикори сарбозони пойгоҳ рух дода ва он замон низомиёни рус дар ҳолати мастӣ ба майдони Ҳофизи Шерозӣ баромада, ба маркази букмекерӣ ҳамла мекунанду ба ин ниҳод ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ хисорот ворид месозанд.

Расона ҳамчунин бо истинод ба манбаъи наздик ба таҳқиқот, ки аз бурдани номаш худдорӣ шудааст, хабар медиҳад, ки низомиён чанд фурӯшгоҳи тарбузро тахриб карда сангпартоӣ кардаанд ва сипас як мошини маъмури милитсияро корношоям кардаанд. Баъдан, бо сокинони маҳаллӣ, ки талош доштанд аз аъмоли онҳо ҷилавгирӣ кунанд, муштзанӣ кардаанд.

Баъд аз анҷоми таҳқиқот парванда барои баррасӣ ба додситонии низомии Русия дар ҳошияи пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон ирсол хоҳад шуд. Зеро тибқи қарордоди соли 2012 парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи сарбозон ва афсарони пойгоҳи 201 Русияро бояд мақомоти ин кишвар баррасӣ кунанд.

Масъулони пойгоҳи низомии Русия ин қазияро ба радио тавзеъ надодаанд.

Пойгоҳи низомӣ дар Кӯлоб дар масоҳати 40 га дар маркази шаҳр воқеъ аст. Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тибқи қарордод то соли 2042 дар ин кишвар мустақар хоҳад буд ва дар суфуфаш ҳудуди 6000 ҳазор афсарон ва сарбозон дораду ҷузъу томҳояш дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа қарор доранд. Ин пойгоҳи бузургтарини Русия дар хориҷ аз кишвар дониста мешавад.

Лентаи хабарҳо
0