21:20 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Бинои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Акс аз бойгонӣ

Рӯзноманигор Аминҷон Гулмуродзода ду сол аз озодӣ маҳрум шуд

© Sputnik Амир Исаев
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аминҷон Гулмуродзода, корманди Маркази маҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ва писари марҳум Пайванди Гулмуродро ба ҷурми сохтакории ҳуҷҷат 2 сол зиндонӣ кард.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Аминҷон Гулмуродзода, корманди Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон 18 август бо ҷурми сохтакроии ҳуҷҷат ду сол аз озодӣ маҳрум шуд, менависад Радиои Озодӣ.

Аминҷон фарзанди собиқ факултаи журналистикаи Донишгоҳии миллии Тоҷикистон Пайванд Гулмуродзода аст.

Аминҷон Гулмуродзода дарҳол баъд аз эълони ҳукмаш дар толори додгоҳ ба ҳабс гирфта шуд ва Хуршед Исозода, додраси парванда гуфт, ки вай муҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш умумӣ паси сар хоҳад кард. Оқои Исозода гуфт, Аминҷон Гулмуродзода бар асоси моддаи 340, қисми 2, банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "сохтакории ҳуҷҷатҳо бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар, такроран" гунаҳкор эътироф шудааст.

Қаблан Абдумӯъмин Каримзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хоста буд, ӯро ба чор соли зиндон маҳкум кунад.

Аминҷон Гулмуродзода ба он айбдор мешавад, ки гӯё соли 1989 бо ёрии падараш Пайванди Гулмурод аз бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС-и ноҳияи Рӯдакӣ шаҳодатномаи таваллуд гирифтааст, ки ба бовари мақомоти тафтишот қалбакӣ мебошад. Ба иддаои мақомоти тафтишотӣ Аминҷон бо истифода аз ин шаҳодатнома аз мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ соли 1998 соҳиби шиноснома шудааст. Мақомот дар ин ҷиноят, ҳатто марҳум Пайванди Гулмурод, падари Аминҷони Гулмуродзодаро низ шарик медонанд.

Тафтишоти муқаддамотӣ нисбат ба ин парвандаро раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе ҳанӯз моҳи апрел оғоз карда ва моҳи июл ба поён расонда ва барои баррасӣ ба додситонии шаҳри Душанбе фиристода буд. Додситонии шаҳри Душанбе пас аз омӯзиши парванда онро барои баррасӣ ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ пешниҳод кардааст.

Аммо Аминҷон Гулмуродзода иддаои мақомотро рад карда ва гуфта буд, ҳеч гуна сохтакории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби вай сурат нагирифта ва шаҳодатномаи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба ҳуввияташро дар чорчӯби қонун гирифтааст.

Аминҷон Гулмуродзода 1 январи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2003 факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст. Аз соли 2002, яъне замони донишҷӯӣ, муҳаррири адабии рӯзномаи донишҷӯёни факулатаи журналистикаи ДМТ — "Қалам" фаъолият карда ва баъдан дар нашрияҳои "Факти и комментарии", "Маърифати омӯзгор", Радиои Озодӣ кор кардааст. Солҳои охир корманди Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон буд.

Барчаспҳо:
2 сол, ҳуҷҷатҳо, сохтакорӣ, рӯзноманигор, зиндон, ҳукм, суди Исмоили Сомонӣ, Пайванд Гулмуродзода, Аминҷон Гулмуродзода, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ