04:02 26 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
36 0 0

Ҳасан Раҷабов, мушовири собиқи ёрдамчии президент на бо ҷурми гирифтани пора, балки дар қаллобӣ ва сӯистифодаи мансаб айбдор ва маҳкум шудааст.

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе эълон кард, ки Ҳасан Раҷабов, мушовири собиқ ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар умури кадрҳо бо ҷурми қаллобӣ ва сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст, менависад Радиои Озодӣ.

Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки Раҷабов бо ҷурми гирифтани пора маҳкум шудааст. Аммо додгоҳ мегӯяд, парвандаи мушовири собиқ ёрдамчии раисҷумҳур бар асоси моддаи 247 (қаллобӣ) ва 314 (сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ)-и Кодекси ҷиноӣ баррасӣ шудааст.

Як мақоми ин додгоҳ 21 август ба Озодӣ хабари гӯё бар асоси моддаи 319-и қонуни ҷиноӣ, яъне "аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул"-ро рад кардааст.

"Ҳасан Раҷабов бо моддаҳои 247 (қаллобӣ аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ) ва 314 (суистифода аз ваколатҳои мансабӣ) аз озодӣ маҳрум шуд", — гуфтааст манбаи Озодӣ.

Парвандаи Раҷабовро бо гумони фасод ва ришва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳқиқ мекард ва мурофиаи ӯ паси дарҳои баста сурат гирифтааст.

Ҳасан Раҷабов, мушовири Бахши ёрдамчии дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ аз сӯи кормандони КДАМ дар авоили моҳи июн дар утоқи кориаш боздошт шуд. Бино ба навиштаи Озодӣ, чанде аз раисони собиқи ноҳияҳо зимни пажуҳиши ин парванда бозпурсӣ шудаанд.

Раҷабов 21 феврали соли 2014 дар Бахши ёрдамчиёни президенти Тоҷикистон ба кор таъин шуда буд.

Барчаспҳо:
5 сол, сӯистифодаи мансаб, қаллобӣ, ҳукм, Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, Ҳасан Раҷабов, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ