03:35 16 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Силоҳ ва тирҳо

ВКД: 7 сентябр боз 14 ҷонибдори Назарзода боздошт шуданд

© Flickr/ Teknorat
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Балвои генерал: аз Душанбе то Ромит (22)
16 0 0

Ҳоло амалиёти сохторҳои қудратӣ ва интизомии Тоҷикистон дар дараи Ромит идома дорад, вале аз маҳалли будубоши феълии Назарзода хабаре нест.

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар идомаи амалиёт дар дараи Ромит сохторҳои интизомӣ боз 14 узви дигари гурӯҳи муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзодаро боздошт кардаанд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.

Рӯзи 7 сентябр дар як амалиёти вижаи муштараки ВКД ва КДАМ дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат 14 узви дигари гурӯҳи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) дастгир шудаанд.

"Аснои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса миқдори зиёди яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ аз ҷумла, 6 автомати Калашников, 2 ПК, 1 СВД, 1 РПГ-7В ва миқдори зиёди тирҳои гуногун, тирдон ва норинҷакҳо дарёфт ва мусодира карда шуд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Ҳоло амалиёти сохторҳои қудратӣ ва интизомии Тоҷикистон дар дараи Ромит идома дорад, вале аз маҳалли будубоши феълии Назарзода хабаре нест. Ба ин тартиб, то имрӯз дар натиҷаи амалиёти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, 56 узви гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода боздошт ва 17 нафари дигар кушта шудаанд.

Ин ҳисобҳо дар ҳолест, ки қаблан мақомоти расмӣ гуфта буданд, ки Назарзода ҳамроҳи 6-7 нафар аз ҳамроҳонаш ба Ромит фирор кардааст.

 

Мавзуҳо:
Балвои генерал: аз Душанбе то Ромит (22)

Мавзӯъҳои асосӣ