05:17 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Абдуҳалим Назарзода дар гузориши Шабакаи аввал аз 7 сентябри соли 2015

Се нафари дигар аз “ҳамроҳон”-и Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шуданд

© Sputnik
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Аз боздоштшудаҳо 5 автомати “АКМ” ва миқдори зиёди тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира гардидааст, хабар медиҳад сомона.

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Се узви дигари гуруҳи генерали фирорӣ-Абдуҳалим Назарзода дар дараи Ромит 8 сентябр аз сӯи Вазорати умури дохила ва Кумитаи амнияти миллӣ боздошт шудаанд, хабар медиҳад сомонаи ВКД.

Аз боздоштшудаҳо 5 автомати "АКМ" ва миқдори зиёди тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира гардидааст, хабар медиҳад сомона.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, ки асосан аз собиқ размандагони мухолифин ва низомиёни баталиони 25-ум иборат аст, дар пайи фирор ба дараи Ромит ба гуруҳҳо тақсим шуда, силоҳро бархе дар хонаҳояшон пинҳон намудаанд:

"Бо вуҷуди ин дар пайи амалиёти мақомот ин гуруҳҳо муайян ва дастгир карда мешаванд", — омодааст дар сомона.

ВКД эълон кардааст, афроде, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Қаблан мақомоти умури дохилӣ аз боздошти беш аз 56 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани 17 нафари онҳо иттилоъ доданд. Ба иттилои ВКД, феълан амалиёт алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар Ромит идома дорад.

Матолиби марбут ба қазияи генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим)-ро аз ин ҷо дарёфт карда метавонед>>

Барчаспҳо:
мусаллаҳона, ҳамла, баталион, боздошт, баталиони 25, ВКД ҶТ, Абдуҳалим Назарзода, Ҳоҷӣ Ҳалим, Ромит

Мавзӯъҳои асосӣ