Киштии нафткаши Русия ба Мисрота интиқол ёфт

© Sputnik / Дмитрий Коробейников / Гузариш ба медиабонкКиштии нафткаш дар баҳр. Акс аз бойгонӣ
Киштии нафткаш дар баҳр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Неруҳоии дарёии Либия аз боздошти киштии нафткаши Русия хабар доданд. Танкери"Механик Чеботарев" шоми чаҳоршанбе дар ҳудуди Либия ба иттиҳоми қочоқи нафт боздошт шуда, сарнишинони киштӣ ҳанӯз мавриди бозпурсӣ қарор нагирифтаанд.

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Киштии нафткаши Русия "Механик Чеботарев" аз сӯи мақомоти Либия ба иттиҳоми қочоқи нафт боздошт шуда, ба пойгоҳи низомии дарёии Троблус дар бандари Мисрота интиқол дода шудааст, мегӯяд намояндаи Ситоди кулли неруҳои дарёии Либия, сарҳанг Айюб Қосим.

"Азбаски дар бандари Троблус киштиҳои зиёд қарор доштанду ҷой набуд, танкери Русия ба бандари Мисрота интиқол дода шуд", —гуфт ӯ. Ба гуфтаи ин сарҳанги либӣ, то ҳол сарнишинони танкер мавриди бозпурсӣ қарор нагирифтаанд.

"Вале бар асоси тартиботи муқарраршуда онҳо ҳатман бозпурсӣ мешаванд", — илова кард Қосим.

Сарҳанг либӣ афзуд, дар робита ба ин ҳодиса иқдомҳои лозимӣ дар Мисрота аз сӯи хадамоти гумрук, бозрасии дарёӣ ва горди соҳилӣ анҷом дода мешаваду баъдан парванда ба Додситонии кулли Либия барои тафтиши ин қазия тибқи қонунгузории ин кишвар фиристода хоҳад шуд.

Намояндаи Ситоди кулли неруҳои дарёии Либия таъкид кард, ки танкери нафткаши Русия то анҷоми раванди тафтишот ва қарори мақомоти ин кишвар дар ҳабс боқӣ хоҳад монд.

"Дар пойгоҳи низомии дарёии Троблус киштиҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки қаблан аз сӯи мақомоти Либия боздошт шудаанду қарори додгоҳро мунтазиранд. Албатта, соҳибони онҳо дастрасӣ ба киштиҳои худро дар ҳоли ҳозир надоранд ва ин танкери Русия ҳам аз онҳо ҳеч фарқияте надорад ва онро тақдири киштиҳои дигар интизор аст", — афзуд ӯ.

Қосим изҳор доштааст, ки танкери Русия дар маконе боздошт шудааст, ки ҳамчун минтақаи қочоқи маводи нафт маъруф аст.

Лентаи хабарҳо
0