07:57 23 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Ҷаласае дар ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ

ВАО: ҲНИТ қасди ҳамла ба Кумитаи амният, фурудгоҳ ва телевизионро дошт

Официальная страница ПИВТ в Facebook
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар як гузориши вижаи худ нақша ва аксҳои моҳвораии иншоотҳои муҳимми давлатиро намоиш дод, ки гӯиё аз қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломи кишвар(ҲНИТ) пайдо шудаанд.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. ҲНИТ қасди ҳамла ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, фурудгоҳ, Шабакаи аввал ва иншоотҳои муҳими дигари давлатиро дошт, гуфта шуд дар гузориши вижаи Шабакаи аввал.

Дар ин гузориш таъкид гардид, ки ҳангоми бозҷӯии дафтари кории Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ нақша ва аксҳои моҳвораии иншоотҳои муҳимми давлатӣ дарёфт шудаанд.

Дар гузориш аз ҷумла аксҳои ниҳодҳои давлатӣ, ки аз моҳвора гирифта шудаанд, намоиш дода шуда, инчунин матни муроҷиатномаеро нишон доданд, ки дар зераш Раёсати ҲНИТ навишта шудааст. Тибқи ин муроҷиатнома гӯиё раёсати ҲНИТ аз аъзою ҷонибдоронаш талаб кардааст, барои чанд рӯзи дигар сабур бошанд ва баъдан метавонанд ба сафи онҳо алайҳи "режими Раҳмон" пайваст шаванд.

Бояд гуфт, дар барнома аз муаллифони гузориш чизе гуфта нашуду низ таъкид нагардид, ки ин маълумот аз раванди тафтишот аст ё маводи журналистӣ.

Дар пайи эълони хатми амалиёти вижаи муштараки мақомоти қудратии Тоҷикистон барои нобуд кардани дастаи генерали кушташудаи Вазорати дифои Тоҷикистон 13 узви фаъоли ҲНИТ аз сӯи мақомот боздошт шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон танҳо як рӯзи баъд, 17 сентябр бо нашри як изҳорот боздошти 13 узви фаъоли ҲНИТ-ро тасдиқ карда, гуфт, онҳо ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо амалҳои генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини кушташудаи вазири дифои кишвар дастгир гардидаанд. Дар миёни онҳо — мувоини аввал ва муовинони раиси ҲНИТ — Сайидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳайит, Воҳидхон Қосиддинов, Ҳикматулло Сайфуллоҳзода ва як зан- ҳуқуқшинос Зарафо Раҳмонӣ мебошанд.

Аммо бо гузашти беш аз 6 рӯз ҳанӯз мақомот расман айбномаи худ алайҳи онҳоро эълон накардаанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор мерафт, ягона ҳизби сиёсии динӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ аст. Ба иддаои масъулинаш он беш аз 40 ҳазор узв дорад.

28 августи соли равон Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз раҳбарияти ин ҳизб хост, фаъолияти худро қатъ кунанд. Чун ба иддаои вазорат ин ҳизб дигар ҳизби умумиҷумҳурявӣ несту ташкилотҳои ибтидоии он дар 58 шаҳру навоҳии кишвар фаъолияти хешро қатъ кардаанд.

Раиси ҲНИТ баъд аз интихоботи парлумонии 1 марти соли равон кишварро тарк карда, дар хориҷ ба сар мебарад.

Барчаспҳо:
иншоот, ҳамла, ҳамдастӣ, иттиҳом, гузориш, ҲНИТ, Шабакаи аввал, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ