10:51 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Ҳашиш. Акс аз бойгонӣ

Мусодираи бештар аз 1 кг нашъа дар рӯзи Иди қурбон

© Sputnik / Андрей Стенин
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Рӯзи 24 сентябр, ки дар саросари Тоҷикистон Иди Қурбон таҷлил мешуд, кормандони милиса як сокини 25-солаи шаҳри Душанберо бо гумони муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт кардаанд, хабар медиҳад сомонаи ВКД.

"Зимни кофтукови шахсӣ аз вай 1 килою 210 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 942 грамм маводи нашъадори афюн, ҷамъ ба миқдори 2 килою 152 грамм маводи нашъадор дарёфт ва мусодира гардид", — омадааст дар хабар.

Нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
ғайриқонунӣ, муомила, 25-сола, ҷавон, дар рӯзи ид, ҳашиш, боздошт, ВКД, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ