ВКД адвокат Бузургмеҳр Ёровро бо “қаллобӣ” муттаҳам мекунад

Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти адвокати тоҷик Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ” ва тақаллуби аснод хабар медиҳад.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Шаҳрванд Ёров Бузургмеҳр Равшанович бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрвандон маблағҳои махсусан калони пулиро тасарруф намудааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД.

"Нисбат ба Бузургмеҳр Ёров, раҳбари Коллегияи адвокатҳои "Сипар" бо дастрасии моддаҳои 140, қ.6 м.145 ва 146 Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ва ва моддаҳои 247 (қаллобӣ) ва 340 (сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст",-омадааст дар хабари сарчашма.

ВКД Бузургмеҳр Ёровро ба он муттаҳам мекунад, ки  "бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрвандон маблағҳои махсусан калони пулиро тасарруф намудааст".

Акси овехтаи нишони ҲНИТ дар қароргоҳи марказии он дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кумита барои дифоъ аз аъзои ҲНИТ: шумори боздоштшудаҳо меафзояд

Манбаъ меафзояд, адвокати боздоштшуда тахминан моҳи июли соли 2010 ба боварии шаҳрванд Бозоров Комилҷон, сокини шаҳри Истаравшан, кӯчаи Ғозиев, хонаи № 43 даромада, суйистифода аз ҳолати оҷизӣ ва вазъияти шадиди ноилоҷии охирин, ваъда додааст, ки бинобар доштани шиносҳои зиёд дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, метавонад писари охиринро, яъне Бозоров Дилшод Қомилҷоновичро, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо моддаи 32 қисми 3 (суиқасди ҷиноят), 104 қисми 2 банди "ё" (одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намояд.

"Сипас, аз дасти Бозоров К. маблағи баробар ба 4000 (чор ҳазор) доллари ИМА-ро гирифта, ба манфияти худ сарф намуда, ягон кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонидааст".

ВКД аз дигар шаҳрвандон низ хоҳиш кардааст, ки "агар бо кирдорҳои ҷинояткоронаи худ  Ёров Б.Р. бо чунин роҳ маблағ ситонида бошад ё зарар расонида бошад, метавонанд муроҷиат кунанд.

Вакилони мудофеъ қаблан гуфта буданд, ки раиси Кумитаи дифоъ аз боздоштшудаҳои ҲНИТ Бузургмеҳр Ёров аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шудааст. Ӯ дирӯз барои бозпурсӣ ба идораи пулис даъват шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0