Иттиҳоми нав дар парвандаи Ёров: $200 қарз гирифта, барнагардонидааст

Обуна шудан
Ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиати навбатӣ нисбати ҳаракатҳои ғайриқонунии адвокати Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон ворид гардидааст.

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, аввалҳои моҳи марти соли 2012 адвокат Бузургмеҳр Ёров, ба боварии шаҳрванд Одинаев Эмомалӣ Талбакович, сокини шаҳри Роғун даромада, бо сӯиистифода аз боварӣ барои корҳои шахсияш ба мӯҳлати кӯтоҳ аз ӯ 200 доллари амрикоӣ дархост намудааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД.

"Одинаев Эмомалӣ Талбакович шахсияти Ёров Бузургмеҳрро ба инобат гирифта, ба охирин маблағи зикргардидаро дастрас менамояд, аммо вакили мудофеъ ҳарчанд шароити вазнини Одинаевро медонист, ӯро пайваста сарсону саргардон намуда,то  ҳол маблағи гирифтаашро бар нагардонидааст",- ме6афзояд манбаъ.

Вазорати умури дохила мегӯяд, Бузургмеҳр Ёров маблағҳои ба даст овардаро ба манфиати шахсии худ истифода бурда, бо ин ҳаракатҳои худ ба шаҳрванд Одинаев Эмомалӣ зарари калони моддӣ ба маблағи 200 (дусад)  доллари амрикоӣ расонидааст.

Бинои ВКД ҶТ, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: Ёров аснои хидмат дар мақомот “қонуншиканӣ” мекард

Аз рӯи далели мазкур нисбати гумонбаршуда Ёров Бузургмеҳр Равшанович парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Бузургмеҳр Ёров, раҳбари Коллегияи адвокатҳои "Сипар", баъз аз зӯҳри 28-уми сентябр барои бозпурсӣ ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД даъват шуда буд. Субҳи 29-уми сентябр вазорати умури дохилӣ аз оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ хабар дод.

Дар қиболи ин вакили мудофеъ бо дастрасии моддаҳои 140, қ.6 м.145 ва 146 Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ва ва моддаҳои 247 (қаллобӣ) ва 340 (сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Тибқи нишондоди моддаҳои мазкур, ба ашхосе, ки ба қаллобиву сохтакорӣ муттаҳам мешаванд, аз 2 то 3 соли зиндон таҳдид мекунад.  

Лентаи хабарҳо
0