04:18 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Додситонии кулли Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Додситонии кул: 23 узви Раёсати олии ҲНИТ боздошт шудааст

© Sputnik Амир Исаев
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
22 0 0

Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти 23 узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии кишвар (ҲНИТ) ва теъдоди муайяни аъзои дастаи муовини кушташудаи вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода хабар медиҳад.

Душанбе, 6 окт — Sputnik. 23 нафар аъзои ҲНИТ, аз ҷумла аъзои Раёсати Олии он бинобар даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои экстремистию террористӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд, гуфта мешавад, дар иттилоияи Додситонии кулли кишвар, ки дар Оҷонсии "Ховар" нашр шудааст.

Тибқи ин иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, дар баробари пайравони фаъоли ҲНИТ инчунин шумори муайяни аъзои дастаи генеарл Назарзода ҳам боздошт гардидаанд ва алайҳи онҳо бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии кишвар парванда боз шудааст.

"Нисбат ба онҳо ва нафарони дигар, ки мақсади ғасб намудани ҳокимиятро дар Тоҷикистон доштанд, бо моддаҳои 179-терроризм, 187 ташкили иттиҳоди ҷиноӣ (ташкилоти ҷиноӣ), 189-барангехтани  кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, 306-бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, 307- даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон, 313 —исёни мусаллаҳона ва дигар моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад", — навишта шудааст, дар ин иттилоия.

Додситонии кул дар ин иттилоияи худ афзудааст, ки дар раванди тафтишот муайян шудааст, раҳбарият ва аъзои Раёсати олии ҲНИТ гӯиё ҳамроҳ бо муовини кушташудаи вазири дифои Тоҷикистон тибқи маслиҳати пешакӣ барои ғасби ҳокимияти давлатӣ дар кишвар як чанд гуруҳи ҷиноӣ ташкил додаанд.

"Нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурўҳҳои ҷинояткор ҳангоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Умаралӣ Ҳисайнов ва Маҳмадалӣ Ҳаитов, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Борбад хонаи №1 ёфта гирифта шуданд", — илова кардааст, манбаъ.

Ин ниҳод дар шарҳи дархости худ ва қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди мамнуъ эълон шудани фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон гуфтааст, "ин ҳизб бо фаъолияти террористӣ-экстремистии худ барои мардум ва ҷомеа сарчашмаи хатар ва ихтилоф низ гардида буд".

Дар пайи ҳаводиси хунини 4 сентябр ва амалиёти вижаи неруҳои қудратии Тоҷикистон алайҳи гуруҳи генерал Назарзода, ки мақомот ӯро ҳамдасти раҳбарияти ҲНИТ хонданд, Додситонии кул аз Додгоҳи олии кишвар хост, фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намояд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам бо баррасии ин дархости додситонӣ рӯзи 29-уми сентябр ҲНИТ — ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

 

Мавзуҳо:
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
Барчаспҳо:
манъ, ҲНИТ, генерал, мамнуъ, додситонӣ, ҳизб, Додситонии кулл, Додгоҳи олии ҶТ, ҲНИТ, Абдуҳалим Назарзода, Ромит, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ