18:38 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Зане аз Душанбе, ки қаблан ба иттиҳоми фурӯши одам доғи судӣ дорад, дубора бо ин ҷурм боздошт шудааст. Ӯ бар ивази тифли навзодаш 500 доллари амрикоӣ хостааст.

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Як сокини шаҳри Душанбе ба иттиҳоми фурӯши тифли навзод аз сӯи кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шудааст, менависад, торнамои расмии ВКД.

"Муайян карда шуд, боздоштшуда писари навзоди худро бар ивази 500 доллари амрикоӣ ба як сокини ноҳияи Рӯдакӣ фурӯхтааст", — афзудааст, манбаъ.

Маврид ба тазаккур аст, ки ӯ қаблан бо ин ҷурм равонаи зиндон шудааст. Масъулини ВКД ҳоло алайҳи ин зан, харидори кӯдак ва шахси миёнарав парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Коршиносон як чанд омили аслии ба миён омадани чунин ҳолатҳоро ном мебаранд, ки таваллуд бидуни ақди никоҳ, шароити бади иқтисодӣ, набуди дастгирӣ ва сарбории аз ҳад зиёд яке аз онҳо мебошад ва занон ҳам дар ин гуна ҳолатҳо наметавонанд, тасмими дуруст ва оқилона бигиранд.

Аз аввали соли равон 7 ҳолати хариду фурӯши кӯдак дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта шуда, алайҳи 20 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба қавли масъулини ВКД, харидор ва фурӯшандаҳои кӯдакон дар ҷумҳурӣ бештар занҳо буда, дар аксар ҳолатҳо қурбонӣ писаронанд.

Барчаспҳо:
зан, навзод, тифл, кӯдак, доллар, ВКД, Рӯдакӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ