15:18 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Тифли навзод. Акс аз бойгонӣ

Сафорат ҶТ: таҳқиқи омилҳои марги Умар таҳти назорат аст

© Sputnik / Павел Лисицын
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Вокуниши шадиди ҷомеъа ба марги Умаралии панҷмоҳа дар Санкт-Петербург (15)
9 0 0

Сафири Тоҷикистон дар Русия як ҳайат аз намояндагии кишварро ба шаҳри Санкт-Петербург фиристодааст, то бо муҳаққиқони омилҳои марги Умари 5-моҳа ҳамкорӣ намоянд.

ДУШАНБЕ, 20 октября — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як изҳорот ба пайвандони Умар Назарови 5-моҳа, ки 14 октябри соли равон дар беморхонаи шаҳри Санкт-Петербург ба ҳалокат расид, ҳамдардӣ баён кардааст.

Рӯзи 13 октябр кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Санкт-Петербург бо баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷират як хонаводаи тоҷик, Далер Назаров, Заррина Юнусова ва ҳамроҳ бо ин зан писараш Умаралии 5-моҳаро боздошт карда, ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурдаанд. Дар шуъба кормандони пулис тифлро аз модар ҷудо карданд ва ба модар ҳеҷ иттилое дар бораи шароити нигаҳдории тифл дода нашудааст.

Ҳамон рӯз Назаров ва Юнусоваро ба додгоҳи ҷиноятҳои маъмурӣ интиқол ёфта, баъди панҷ соат қарори додгоҳ дар мавриди ихтиёран тарк кардани ин хонаводаи тоҷик қаламрави Русияро содир шудааст.

Вақте Заррина Назарова ба идораи пулис барои гирифтани фарзандаш меояд, ба ӯ иттилои дақиқе дар бораи маҳалли нигаҳдории тифлаш дода натавонистаанд ва танҳо як рӯз баъд 14 октябр ба ӯ ҷасади беҷони Умари 5-моҳаро супоридаанд.

Сафорат дар ин изҳороти худ таъкид кардааст, ки раванди таҳқиқи омилҳои марги Умар таҳти назорати Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия қарор дорад.

"Имомуддин Сатторов пайваста бо ҳамтоёни руси худ дар мавриди ин қазия дар тамос мебошад. Бо дастури он ҳайате аз сафорат барои ҳамкорӣ бо муфаттишони марги Умар ва ироаи кумакҳои лозимӣ ба пайвандони ӯ озими шаҳри Санкт-Петербург шудааст", — омадааст, дар изҳороти сафорат.

Масъулини сафорати ҶТ дар Маскав инчунин бо ибрози ҳамдардӣ ба пайвандони марҳум аз тамоми сокинони Тоҷикистон, ки қазияи марги Умар онҳоро нигарон кардааст, даъват кардаанд, натоиҷи тафтишоти Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилии Русияро интизор бошанд ва аз хулосабарориҳои беасос худдорӣ кунанд.

Бо гузашти 6 рӯз аз марги Умар Назарови 5-моҳа то ҳол сафоратхонаҳо ва мақомоти қудратии ду кишвар сабаби ба ҳалокат расидани ин тифлро шарҳ надодаанд ва нагуфтаанд, барои чӣ ба волидайни ӯ ҷасади беҷон супорида шудааст.

Мавзуҳо:
Вокуниши шадиди ҷомеъа ба марги Умаралии панҷмоҳа дар Санкт-Петербург (15)
Барчаспҳо:
ҳамдардӣ, Умар, Санкт-Петербург, Маскав, Русия, сафорат, Тоҷикистон, муҳоҷирон, муҳоҷират, марги Умари панҷмоҳа, қазияи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик дар Петербург, Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Умаралӣ Назаров, Далер Назаров, Заррина Юнусова, Имомуддин Сатторов, Санкт-Петербург, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ