10:40 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Санҷиши рубл. Акс аз бойгонӣ

Боздошти таққалубкор бо 95 ҳазор рубл дар шимоли кишвар

© Sputnik / Константин Чалабов
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Ин марди 26-сола 27 октябри соли равон пулҳои қалбакиро ба саррофии филиали “Амонатбонк” дар шаҳри Чкалов супоридааст.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Як сокини шаҳри Панҷакент бо иттиҳоми ба муомилот баровардани 95 ҳазор рубли қалбакии русӣ (наздик ба 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ) боздошт шудааст, менависад сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, ин марди 26-сола 27 октябри соли равон пулҳои қалбакиро ба саррофии филиали "Амонатбонк" дар шаҳри Чкалов супоридааст.

"Тибқи маълумотномаи шӯъбаи ташхисӣ, асъори коғазии мазкур бе риоя кардани талаботи технологӣ тайёр карда шуда, қалбакӣ мебошанд", — меафзояд, манбаъ.

Ҳоло алайҳи ин сокини шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
Чкалов, Амонатбонк, русӣ, сохта, Панҷакент, қалбакӣ, рубл, пул, боздошт, ВКД, боздошти қаллоб, Амонатбонк, ВКД ҶТ, Чкалов, Панҷакент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ