ВАО: бозпурсии падару модари Умаралӣ Назаров дар шӯъбаи пулис

© Sputnik / Игорь ЛекаркинАкси Умаралӣ Назарови панҷмоҳа дар саҳифаҳои расонаҳои тоҷикӣ
Акси Умаралӣ Назарови панҷмоҳа дар саҳифаҳои расонаҳои тоҷикӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айни замон ҳуқуқшиносҳои Сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои баррасии ҷузъиёти марги навзоди тоҷик, гирифтани ҷасади кӯдак аз сардхона ва ба хок супоридани он, ба шаҳри Санкт-Петербург омадаанд.

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Шоми рӯзи гузашта волидони Умаралӣ Назарови панҷмоҳа, ки рӯзи 13-котябр дар шаҳри Санкт- Петербург даргузашт, аз ҷониби муфаттишони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Адмиралтейски ин шаҳр мавриди бозпурсии чандсоата қарор гирифтанд.

Қаблан дар ВАО-и Русия иттилоъе пахш шуда буд, ки гӯйё барои канораҷӯӣ аз масъулияти марги Умаралии 5-моҳа, кормандони ниҳодҳои қудратии ин кишвар қасд доранд нисбати Заррина Юнусова ва Рустам Назаров, падару модари кӯдак бо моддаи "бемасъулиятӣ дар тарбияти фарзанд" парвандаи ҷиноӣ боз кунанд.

Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: табибон марги Умаралиро “вируси шадиди респираторӣ” мегӯянд

Ҳамзамон, вакили мудофеъи онҳо Сергей Голуб ба расонаҳо гуфтааст, интизор меравад тайи чанд рӯзи оянда додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург шикояти хонум Юнусоваро дар мавриди қарори додгоҳи ноҳияи Октябр дар бораи ихроҷаш аз қаламрави Русия бозбинӣ кунад.

Бар асоси ҳукми ин додгоҳ дар 13 октябри соли ҷорӣ Зарина Юнусова барои "Нақзи муқаррароти будубош дар Русия" ба миқдори аз 5 то 7 ҳазор рубл ҷарима шуда ва иҷборан аз хоки ин кишвар ихроҷ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт- Петербург Муҳаммадназар Мирзода гуфтааст, дар қазияи марги кӯдаки навзоди тоҷик ҷанбаи сиёсӣ вуҷуд надорад.

"Бо дар назардошти ҳузури ҳазорон тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба ҳодисаи марги навзоди тоҷик тобиши сиёсӣ додан лозим нест, ҳарчанд ниҳодҳои Русия борҳо дар баробари шаҳрвандони мо чунин муносибати беэътиёнаро раво дидаанд",- илова кардааст ӯ.

Айни замон ҳуқуқшиносҳои Сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои баррасии ҷузъиёти марги навзоди тоҷик, гирифтани ҷасади кӯдак аз сардхона ва ба хок супоридани он ба шаҳри Санкт-Петербург омадаанд.

Зимнан, рӯзи гузашта низ Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом кард, ки дар робита ба тафтиши парвандаи ҷиноятии марги Умаралӣ Назаров, ки дар ҷомеа сару садоҳоеро ба бор овардааст, бо вазорати умури дохилии Русия ҳамкорӣ дорад.

Астахов омилҳои марги Умар Назарови 5-моҳаро таҳқиқ мекунад

"Аз ҷониби Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия дар нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад. Намояндаи ВКД-и Тоҷикистон дар Русия генерал-майори милитсия Азизов А.К аз рафти ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноятӣ мунтазам огоҳ аст",- омадааст дар иттилоъияи вазорат.

Ёдрас менамоем, рӯзи 13 октябри соли равон мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷирати ин кишвар Рустам Назаров ва Заррина Юнусова, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо писари панҷмоҳаашон Умаралӣ Назаров боздошт карданд. Сипас, пулис Умаралии 5-моҳаро аз волидайнаш ҷудо карда, баъди як рӯз хабари марги ӯро ба волидонаш расониданд. Ин ҳодиса дар маҳофили ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистону Русия вокуниши шадидро ба бор овард.

Кулли матолиби марбути ин мавзӯъро аз ин ҷо мутолиа намоед>>  

Лентаи хабарҳо
0