10:27 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Табиби дармонгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Сабаби марги Умаралии 5-моҳаро 14 ноябр эълон мекунанд

© Sputnik / Александр Кондратюк
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Вокуниши шадиди ҷомеъа ба марги Умаралии панҷмоҳа дар Санкт-Петербург (15)
21 0 0

Бар асоси фарзияи муфаттишон, табибон вазифаи касбии худро пурра барои наҷоти муҳоҷири 5-моҳаи тоҷик сарф накардаанд.

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Омилҳои марги кӯдаки 5-моҳа аз Тоҷикистон Умаралӣ Назаров, ки дар беморхонаи шаҳри Санкт-Петербург ба ҳалокат расид, бояд то 14 ноябр, замони эълони натоиҷи ташхис муайян шавад, мегӯяд, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар ин шаҳр Светлана Агапитова.

"Ҳоло раванди таҳқиқи Кумитаи тафтишот ба анҷом нарасидааст ва сухан гуфтан дар бораи омилҳои марги Умаралӣ ҳам ҳанӯз зуд аст. Натоиҷи ташхис то 14 ноябр эълон мешавад ва он замон сабаби фавти ин кӯдак ҳам муайян хоҳад шуд",-меафзояд хонум Агапитова.

Ба қавли ӯ, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ тибқи "моддаи вазнин барои табибон" боз шудааст.

Агатипова илова кард, ки муфаттишон бар ин фарзия ҳастанд, ки гӯиё табибон вазифаи касбии худро барои наҷоти кӯдак пурра анҷом надодаанд.

Ин ваколадори ҳуқуқи кӯдак мегӯяд, ҳоло онҳо дар робита ба ин қазия бо ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург ҳамкорӣ доранд ва дархостеро низ дар ин бора аз ҳамтои тоҷикистонии худ дарёфт кардаанд.

"Барои мо ин бисёр як ҳодисаи даҳшатовар аст. Вале мо бояд ҳоло муайян кунем, ки чи рӯх додааст, то дар оянда аз такрори он ҷилавгирӣ намоем",- мегӯяд ӯ.

Рӯзи 13-уми октябри соли равон кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар вилояти Санкт-Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон Далер Назаров ва Заррина Юнусоваро бо сабаби риоя накардани қавонини муҳоҷират ва нақзи қоидаи будубош дар Русия боздошт карда, тифли панҷмоҳаи онҳо Назаров Умаралиро, ки ба парасторӣ ниёз дошт, аз модар ҷудо карда, ба дигар ҷо интиқол медиҳанд.

Ҳамон рӯз Назаров ва Юнусова ба додгоҳи ҷиноятҳои маъмурӣ интиқол ёфта, баъди панҷ соат қарори додгоҳ дар мавриди ихтиёран тарк кардани ин хонаводаи тоҷик қаламрави Русияро содир шудааст.

Вақте Заррина Назарова ба идораи пулис барои гирифтани фарзандаш меояд, ба ӯ иттилои дақиқе дар бораи маҳалли нигаҳдории тифлаш дода натавонистаанд ва танҳо як рӯз баъд 14 октябр ба ӯ ҷасади беҷони Умари 5-моҳаро супоридаанд.

Дар робита ба марги Умаралии 5-моҳа ҳамоишҳои эътирозӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Ню-Йорк баргузор карда шуд, ки иштирокдорон таҳқиқоти ошкоро ва мунсифонаи ҳодисаро аз мақомоти рус талаб карданд.

Мавзуҳо:
Вокуниши шадиди ҷомеъа ба марги Умаралии панҷмоҳа дар Санкт-Петербург (15)
Барчаспҳо:
Агатипова, натоиҷ, ташхис, ҳуқуқ, ваколатдор, омил, Умаралӣ, Назаров, кӯдак, Умар, Санкт-Петербург, марг, фавт, муҳоҷир, сабаб, Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, Светлана Агапитова, Умаралӣ Назаров, Санкт-Петербург, Ню-Йорк, Тоҷикистон, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ