04:09 21 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Тафтиши ҷиноят

ВКД: мошиндуздӣ дар "Чимтеппа" ва ҳалокати як тифл дар Ҳамадонӣ

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон модар тифли навзодашро дар дохили ҳоҷатхона ба ҳалокат расондааст.

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон модаре бо гумони қатли тифли навзодаш муттаҳам мешавад, дар ҳудуди бозори мошинҳои "Чимтеппа" бошад, дуздии нақлиёти сабукрав ба қайд расидааст.

Тибқи иттилои ВКД-и Тоҷикистон рӯзи душанбеи гузашта, зани 34-солаи сокини ноҳияи Муъминобод, бешавҳар, тифли навзоди худро дар дохили ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматиашон партофта, ба ҳалокат расонидааст.

Инчунин, санаи 8 ноябр, тахминан соати 12:00-дақиқа шахсони номаълум аз дохили мошинбозори ҳудуди деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, автомашинаи тамғаи "Леганзе", ки ба марди 25- солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дошт, ғайриқонунӣ ронда бурдаанд.

"Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони рабудани воситаи нақлиёти зикргардида марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд", —менависад сомонаи ВКД.

"Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад", — афзудааст манбаъ.

Мавзуъ

Мақомот: як сокини Ваҳдат тифли навзодашро фурӯхтааст
Барчаспҳо:
"Леганзе", навзод, ҳалокат, куштор, ҳалокати тифли навзод, дуздии мошин, ВКД-и Тоҷикистон, ноҳияи Муъминобод, шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ