00:26 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Зарина Юнусова бо ҷасади писараш Умаралӣ Назаров дар фурудгоҳи Душанбе

Ҷасади Умаралӣ бе ташхиси мустақилона ба хок супорида шуд

© Sputnik
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Вокуниши шадиди ҷомеъа ба марги Умаралии панҷмоҳа дар Санкт-Петербург (15)
47 0 0

Наздикони Умаралӣ Назаров, ки беш аз 4 соат дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ташхисгарони тоҷикро интизор буданд, тасмим гирифтанд, ки бе ташхис ҷасади ӯро ба хок супоранд.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Баъд аз чоруним соати интизорӣ дар маҳали "Фурудгоҳи байналмиллалӣ" ҷасади Умаралӣ Назаров ба зодгоҳаш- ноҳияи Файзобод интиқол дода шуд.

Ҷасади Умаралӣ Назаров, тифли панҷмоҳаи тоҷик, ки дар беморхонаи ба номи Тсимбалинаи шаҳри Санкт- Петербург фавтида буд, соати 8-00-и субҳи 16 ноябр ҳамроҳи модараш Зарина Юсупова тавассути ҳавопаймоии ширкати "Сомон Эйр" ба Ватан оварда шуд.

"Намояндагони консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ба мо гуфтанд, ки дар Душанбе шуморо пешвоз мегиранд ва ташхиси мустақилона ҳам мегузаронанд, аммо 4,5 соат ин ҷоем, лекин касе нест. Агар ҷасадро бурда ба хок супорему ташхисгарон баъд биёянд хуб намешавад. Дубора мо Умаралиро ба хотири ташхис аз хок берун намекунем",- иброз дошт Маҳкам Абдуллоев, яке аз наздикони Рустам Назаров дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik.

Модари Умаралӣ ва пайвандони ӯ то лаҳзаи охир умед доштанд, ки дар Тоҷикистон мутахассисони кишвар ташхиси мустақилонаи ҷасадро мегузаронанд, зеро ин ваъдаро ба онҳо намояндаи консулгарии ҶТ дар Санкт-Петербург барояшон дода буд.

  • Зарина Юнусова ва Махкам Абдуллоев дар фурудгоҳи Душанбе
    Зарина Юнусова ва Махкам Абдуллоев дар фурудгоҳи Душанбе
    © Sputnik
  • Зарина Юнусова дар фурудгоҳи Душанбе
    Зарина Юнусова дар фурудгоҳи Душанбе
    © Sputnik Нилуфар Каримова
  • Наздикони Зарина Юнусова дар назди фурудгоҳи Душанбе
    Наздикони Зарина Юнусова дар назди фурудгоҳи Душанбе
    © Sputnik Нилуфар Каримова
  • Хабарнигорон ва наздикони Зарина Юнусова дар фурудгоҳи Душанбе
    Хабарнигорон ва наздикони Зарина Юнусова дар фурудгоҳи Душанбе
    © Sputnik Нилуфар Каримова
  • Наздикони Зарина Юнусова ҷасади Умаралӣ Назаровро ба мошин мегузоранд
    Наздикони Зарина Юнусова ҷасади Умаралӣ Назаровро ба мошин мегузоранд
    © Sputnik Нилуфар Каримова
1 / 5
© Sputnik
Зарина Юнусова ва Махкам Абдуллоев дар фурудгоҳи Душанбе

"Барои ташхис комиссия омадааст, вале…"

Маҳмадшариф Шарифов, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии тиббӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар ниҳоди тобеяш комиссия барои гузаронидани ташхиси ҷасади Умаралӣ омода аст, вале барои ин қарори вижаи додситонӣ лозим аст.

"Наздикони Умаралӣ бояд ба прокуратура муроҷиат кунанд ва мо дар асоси қарори прокуратура ҷасадро аз ташхис мегузаронем. Чун як маротиба дар Русия ташхис гузаронида шудааст дубора бе қарори додситонӣ мо наметавонем ташхис гузаронем",-афзуд ӯ.

Ҳамроҳ бо хешовандони Умаралӣ танҳо 4 хабарнигор аз расонаҳои мустақили дохилию хориҷии кишвар буданд, ки ба вазоратҳо ва шахсони мутасаддӣ тамос гирифта, аз интиқоли ҷасади ин муҳоҷири 5-моҳаи тоҷик хабар медоданду тасмими онҳоро дар робита мепурсиданд. Аммо кӯшиши хабарнигорон низ бе натиҷа анҷом ёфт.

Билоахира, баъд аз ин ҳама интизориҳо дар фурудгоҳ наздикони Умаралӣ ба хулосае омаданд, ки ҷасадро бидуни ташхиси мақомоти кишвари худ ба зодгоҳаш, деҳаи Сафедорҳои бобои Валии ноҳияи Файзобод интиқол дода, ба хок месупоранд.

Дар лаҳзаи нашри ин хабар аз Файзобод ба Sputnik иттилоъ доданд, ки ҷанозаи Умаралӣ дар зодгоҳаш баргузор шуда, ӯро ба хок супориданд.

Зарина Юнусова прибыла в Душанбе
© Sputnik
Зарина Юнусова модари Умаралӣ Назаров
Мавзуҳо:
Вокуниши шадиди ҷомеъа ба марги Умаралии панҷмоҳа дар Санкт-Петербург (15)

Мавзуъ

Сабаби марги Умаралӣ Назаровро пизишкон "ситомегалавирус" гуфтанд
Барчаспҳо:
зодгоҳ, прократура, ташхис, ҷасад, додситонӣ, қазияи Умаралӣ, консулгарии Тоҷикистон дар Санкт- Петербург, Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии тиббӣ, "Сомон Эйр", Маҳмадшариф Шарифов, Зарина Юсупова, Маҳкам Абдуллоев, Рустам Назаров, Умаралӣ Назаров, Файзобод, Санкт-Петербург, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ