20:16 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Зарина Юнусова модари Умаралӣ Назаров

Табибони тоҷик дар хуни Зарина “ситомегаловирус”-ро пайдо накардаанд

© Sputnik
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Вокуниши шадиди ҷомеъа ба марги Умаралии панҷмоҳа дар Санкт-Петербург (15)
40 0 0

Пизишкони додгоҳии Тоҷикистон дар хуни Зарина Юнусова, модари Умаралӣ Назаров ангезаи ситомегаловирусро пайдо накарданд.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар хуни Зарина Юнусова модари Умаралӣ Назаров, тифли панҷмоҳаи тоҷик, ки дар шаҳри Санкт- Петербург фавтида буд, ситомегалавирус пайдо нашудааст. Пизишкони додгоҳии Русия далели марги Умаралӣ Назаровро ҳамин вирус гуфта буданд. Дар ин бора ба Sputnik вакили Зарина, Муқаддас Абдураҳманова иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, 10 рӯз пеш Зарина Юнусова ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даъват шуда, дар Вазорати мазкур аз ӯ баёнот ва ташхиси тиббӣ гирифта, хунашро ба озмоишгоҳ фиристодаанд.

"Аз ВКД-и Тоҷикистон ваъда доданд, ки баёноти Заринаро ба ҳамкорони русиягиашон барои баррасии минбаъдаи парванда мефиристанд. Ба хотире, ки алакай дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст дар Тоҷикистон онро накушоданд", — афзуд Муқаддас Абдураҳманова.
Дар ҳамин ҳол Зарина Юнусова дар суҳбат ба Sputnik гуфт, ки аз натиҷаи ташхиси тиббӣ ҳоло ба ӯ хабар надоданд. "25 ноябр ба ВКД-и Тоҷикистон рафта будем, ташхиси хунамро гирифтанд аммо то ҳол ба ман ягон чиз нагуфтаанд", — афзуд ӯ.

Рӯзи 2 декабр муфаттиши Кумитаи тафтишотии Санкт-Петербург, ки парвандаи Умаралӣ Назаровро руй даст дорад, 3 вакили дифои хонаводаи Назаровҳоро маҷбур кардааст, зери санаде имзо гузоранд, ки ифшои ҳаргуна иттилоъ аз раванди тафтишотро манъ мекунад.

Яке аз вакилони дифои хонаводаи Назаровҳо Олег Барсуков гуфт, ки ӯ низ зери ин санад имзо гузоштааст. "Азбаски Рустам Назаров зерҳимояам аст, зери ин санад ман ҳам имзои худро гузоштаам. Албатта, ифшои чизе, ки барои Назаров манъ шуд барои ман ҳам манъ аст.

"Дар робита ба ин ки муфаттишон дар мавриди ифшо накардани ҷузъиёти идомаи тафтишот аз мо имзо гирифтанд намедонам чӣ гӯям. Ҳар чизе ки бояд ошкор мешуд, алакай шудааст ва мо ҳам ҳар чизеро ки бояд мегуфтему расонаӣ мекардем, алакай то ин имзогузорӣ гуфтему кардем. Яъне, ин маънои онро дорад, ки ин имзогузорӣ ҳеч хотири моро парешон намекунад", — афзуд дар суҳбат бо Sputnik.

Олег Барсуков дар мавриди он ки чаро муфаттишон тасмим гирифтанд, ба ин парванда муҳри фахмӣ гузоранд, изҳор дошт, ки фарзияҳо зиёдасту аммо ӯ чизе гуфта наметавонад. "Барои мо муҳимтар аз ҳама эътироф шудани падари Умаралӣ ҳамчун ҷониби ҷабрдида буд, ки ҳоло онро ба даст овардем. Зеро ин ба Назаров ҳимояи ҳуқуҳояшро осонтар мекунад",- гуфт ӯ.

Евгений Бобров вакили дигари хонаводаи Назаровҳо гуфт, ки хулосаи расмӣ ҳанӯз нашудааст ва ҳар вақт раванди тафтишот ба поён бирасад онҳо расман мавқеи худро равшан хоҳанд кард. "Дар инҷо ҳоло тафтиши ду парвандаи ҷиноӣ идома дорад. Ба коршиносони мо зарур аст, ки барои ироаи ҳисобот ба президент иттилои бештаре ҷамъоварӣ намояд ва мо ҳам онро интизорем"-изҳор дошт Евгени.

Маврид ба зикр аст, ки баъд аз имзо гузоштани чанде аз вакилони дифоъ, Рустам Назаров, падари Умаралӣ Назаров, ба шӯъбаи тафтишоти ноҳияи Неваи Санкт-Петербург даъват шуда, дар парвандаи марги писараш расман ба ҳайси ҷабрдида эътироф гардид.

Умаралӣ Назарови 5-моҳа, шаби 13 ба 14 октябри соли равон баъди чанд соати гирифтанаш аз дасти модар дар беморхонаи Симбалинаи шаҳри Санкт Петербург даргузашт.

Мавзуҳо:
Вокуниши шадиди ҷомеъа ба марги Умаралии панҷмоҳа дар Санкт-Петербург (15)
Барчаспҳо:
ситомегалавирус, ташхиси тиббӣ, ВКД-и Тоҷикистон, Муқаддас Абдураҳманова, Зарина Юнусова, Рустам Назаров, Умаралӣ Назаров, Санкт-Петербург, Душанбе, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ