13:33 20 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Яке аз кӯчаҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ

БМТ дар 12 дӯкони саррофӣ камбуди ҷиддӣ ёфт

© Sputnik Амир Исаев
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон чунин болоравии қурби долларо "сунъӣ" ва "кутоҳмуддат" номида, ба чанд омил, аз ҷумла бад шудани вазъи иқтисоди ҷаҳон ва бархурдҳои геополитикӣ рабт медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Санҷиши муштараки Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ оид ба назорат ва танзими бозори асъор маълум кард, ки дар фаъолияти 12 нуқтаи мубодилаи асъори шаҳри Душанбе камбудиҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд.

Ба иттилоъи масъулини БМТ, кормандони бархе аз саррофиҳои пойтахт бо фармоиши саридораи ташкилоти қарзӣ аллакай фаъолияти худро боздоштаанд, аммо дар баъзе аз нуқтаҳои мубодилаи асъор нуқсонҳо ёфт гардиданд.

"Дар фаъолияти баъзе аз нуқтаҳои мубодилаи асъори мутаалиқ ба ҶСК "Ориёнбонк", ҶСК "Тоҷиксодиротбонк", ҶСП "БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк", ҶСК "Агроинвестбонк", ҶСК "Соҳибкорбонк" ва ТАҚХ "Васлат", аз қабили мавҷуд набудани дафтари сабти хариду фурӯши асъор, худсарона муайян намудани қурби хариду фурӯши асъор, набудани китоби бақайдгирии санҷишҳои саридораи бонк, ҷой доштани фарқ байни қурб ва фармоиши саридора ба қайд гирифта шуданд",- меафзояд манбаъ.

Ҳамчунин ошкор карда шуд, ки корманди нуқтаи мубодилаи асъори "Тоҷиксодиротбонк", воқеъ дар даромадгоҳи бозори "Варзоб" дар ҳолати доштани асъори хориҷӣ ба хотири ҳаннотӣ аз фурӯши асъор бо қурби муқарраршуда ва қонеъ кардани талаботи мизоҷон худдорӣ мекардааст.

Дар робита ба далелу камбудиҳои ошкоршуда аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба ҶСК "Ориёнбонк", ҶСК "Тоҷиксодиротбонк", ҶСП "БСТ ТИСТ  Тоҷпромбонк", ҶСК "Соҳибкорбонк", ҶСК "Агроинвестбонк" ва ТАҚХ "Васлат" чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ андешида шуда, ба ин ташкилоти қарзӣ тавсия дода шуд, ки кормандони он нуқтаҳои мубодилаи асъореро, ки ба камбудиҳои ҷиддӣ ҷой додаанд, аз кор озод намоянд.

Ёдрас менамоем, Бонки миллӣ дар охири моҳи ноябр дар пайи якбора боло рафтани қурби доллар дар баробари пули миллии сомонӣ қарор кард, ки тамоми нуқтаҳои ивази асъор дар кишвар баста шаванд. Ҳоло мубодилаи асъори хориҷӣ танҳо ба бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ дар кишвар иҷозат дода шудааст.

Мавзуъ

Раиси БМТ: амалиёти номунсифона ба “уфти” 20%-и қурби сомонӣ боъис шуд
Барчаспҳо:
масдуд шудани фаъолияти саррофиҳо, қурби доллар, муҷозоти 12 корманд, ошкоршавии камбудиҳо дар саррофиҳои пойтахт, ҶСК "Ориёнбонк", ҶСП "БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк", ҶСК "Соҳибкорбонк", Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, Бонки миллӣ, БМТ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ