00:21 26 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Тахмин меравад, ки сӯхтор бо сабаби расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ ба вуҷуд омадааст.

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Соати 18.30-и шоми рӯзи гузашта дар мактаби №1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад, иттилоъ медиҳад Раёсати умури дохилаи пойтахт.

"Вақте оташсӯзӣ ба вуқӯъ пайваст, аллакай мактаб аз хонандагон холӣ буд. Дарсҳо тамом шуда, ҳама ба хонаҳояшон рафта буданд",- қайд мекунанд кормандони ҳифзи ҳуқуқ.

Тайи муддати кӯтоҳ кормандони хадамоти сухторнишонӣ тавонистанд оташро хомӯш кунанд.

Ба гуфтаи кормандони мақомоти оташнишонӣ аз ин сухтор ду синфхона зарар дидаанд, ки яке пурра ва дигарӣ қисман хароб шудааст. Сухтор баъд аз соати дарсӣ рух дода, аз он касе зарар надидааст.

Мақомот мегӯянд, тафтиши қазияро оғоз карда, дар бораи сабабҳои сар задани ҳодиса баъдан муфассалтар хабар хоҳанд дод.

Хисороти оташсӯзӣ ҳанӯз дақиқ нашудааст.  

Мавзуъ

Бозори “Корвон” акнун соҳиби низоми муҳофизат аз сӯхтор аст
Барчаспҳо:
дарс тамом шуда буд, касе зарар надид, оташсӯзӣ, сӯхтор, мактаби рақами 1, хадамоти оташнишонӣ, РКД Душанбе, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ